Дар пайи Ӯзбекистон Русия низ маҳдудиятҳои пандемияро лағв кард

Субҳи имрӯз, 11 март “Росавиатсия” дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳое, ки дар робита ба бемории коронавирус зимни парвозҳои ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои ин кишвар ҷорӣ гардида буд, дар як қатор давлатҳо хабар дод. Дар байни онҳо Тоҷикистон низ ҳаст. – “Росавиатсия” дар бораи лағви маҳдудиятҳое, ки бар асари коронавирус дар парвозҳо ба Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, […]

Субҳи имрӯз, 11 март “Росавиатсия” дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳое, ки дар робита ба бемории коронавирус зимни парвозҳои ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои ин кишвар ҷорӣ гардида буд, дар як қатор давлатҳо хабар дод. Дар байни онҳо Тоҷикистон низ ҳаст.

– “Росавиатсия” дар бораи лағви маҳдудиятҳое, ки бар асари коронавирус дар парвозҳо ба Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва Эрон ҷорӣ шуда буданд, эълон кард, – менависанд расонаҳои русӣ.

Ин ниҳод ба таври мушаххас нагуфтааст, ки кадом маҳдудиятҳо лағв карда шуд.

Дар ҳамин ҳол аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳо аз ҷониби Русия дархости расмӣ қабул накардаанд ва ҳамин тариқ, маълум нест ки ин маҳдудитяҳо чиро дар бар мегирад.

– Дар ҳолати расман қабул намудани дархост дар мавриди лағви маҳдудиятҳо маълум мегардад, ки кадом махдудиятҳо бардошта мешаванд. Ҳоло мо расман аз ҷониби Русия дархост қабул накардаем, аз ин рӯ дар бораи маҳдудиятҳо чизе гуфт наметавонем, – гуфт дар суҳбат бо “Азия – Плюс”Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи муқаррарӣ баргардонида мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.