Хидматрасониҳо дар шуъбаҳои почтаи Тоҷикистон дар кадом сатҳ аст?

Мудири кулли КВД “Почтаи тоҷик” Фаридун Қурбонов мегӯяд, корхона фаъолияташро ба самти баъзе кишварҳо қатъ намуда, дар ҳамин ҳол, ирсоли бастаҳо (посилкаҳо) ба самти Русия идома дорад. “Почта дар ҳама самтҳои дохили кишвар ва Русия бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунад. Мо назди ин кишвар ҳеҷ қарзе надорем, то ки баста ё мактуб фиристода натавонем”, – […]

Мудири кулли КВД “Почтаи тоҷик” Фаридун Қурбонов мегӯяд, корхона фаъолияташро ба самти баъзе кишварҳо қатъ намуда, дар ҳамин ҳол, ирсоли бастаҳо (посилкаҳо) ба самти Русия идома дорад.

“Почта дар ҳама самтҳои дохили кишвар ва Русия бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунад. Мо назди ин кишвар ҳеҷ қарзе надорем, то ки баста ё мактуб фиристода натавонем”, – гуфт ӯ дар инкори овозаҳои нашршуда дар шабака ва илова намуд, ки ягона рӯзе, ки почта ба самти Русия фармоиш қабул накард, аввали моҳи феврал буд.

Ҷиҳати ирсол ба кишварҳои хориҷи дур мудири почта таъкид дошт, ки ба ин кишварҳо, аз ҷумла Англия ва Амрико хидматрасониҳо муваққатан боздошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, зикр накард, ки маҳз аз кадом вақт почта корашро ба ин самтҳо қатъ кард, лекин сабаби онро шарҳ дод.

Ба гуфтаи Қурбонов, ин ба болоравии арзиши аслии хидматрасониҳо, хароҷоти пардохти парвози ҳавопаймоҳо, ки қимат шудааст.

"Пеш аз ин мо бо ин кишварҳо кор мекардем, аммо бо зиён барои худ", – гуфт ӯ ва афзуд, ки ҳоло ин масъала мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, ният доранд, ки дар ояндаи наздик ба Амрико ва Англия боз баста ва мактубҳоро ирсол кунанд.

Дар бораи кай ва чӣ гуна ҳал шудани ин мушкил Фаридун Қурбонов ҳарф назада, лекин зикр кард, ки ҳозир шаҳрвандон метавонанд аз хидматрасониҳои “Почтаи Аср” ва DHL, ки бо ирсол ба ин кишварҳо машғуланд, истифода баранд.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори “Азия-Плюс” аз якчанд шуъбаҳои “Почтаи Тоҷик” боздид намуд ва дар он ҷо дар ин робита хабар доданд, ки аслан ҳозир ба Русия ҳам бастаҳо фиристода намешаванд ва аз 1 апрел ба онҳо қабули бандеролу бастаҳо ба кишварҳои Аврупо ва Русия манъ шудааст.

Айни замон танҳо экспресс-ирсол ё худ ирсоли фаврӣ кор мекунад, лекин бо нархи баланд. Ин хидматрасонӣ ба Русия 35 доллар ва кишварҳои Аврупо – то 65 доллар нарх дорад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар шуъбаи почтаи рӯ ба рӯи мактаби рақами 1-и пойтахт хабар доданд.  

Дар робита ба DHL

Ширкати почтаи DHL-и Олмондар Тоҷикистон қабул ва ирсоли мактубу бастаҳоро ба Русия, Украина ва Беларус муваққтан манъ кард. Дар ин бора аз ширкати мазкур хабар доданд.

Зикр шуд, ки вазъи геополитикии атрофи Украина ва Русия водор намуд, ки чунин тасмим гирифта шавад, лекин дар самтҳои дигар ширкат бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад.

Дар ширкат гуфтанд, бинобар сабаби тағйирёбии қурби доллар нархи хидматрасониҳояшон боло рафтааст, лекин маҳз ба чӣ миқдор, маълумот надоданд.

“Почтаи Аср” бастаҳоро ба Русия мефиристад, лекин ба Украина не. Ирсоли бастаҳо ба Русия, масалан ба Маскав 528 сомонӣ ва ҳуҷҷати то 300 грамм – 312 сомонӣ нарх дорад. Баста ё ҳуҷҷат дар муддати 12 рӯзи корӣ ба нуқтаи (каси) таъиншуда расонида мешавад.

Ба кишварҳои Аврупо ва ИМА айни замон танҳо ҳуҷҷатҳо фиристода мешаванд, масалан нархи ирсоли чунин бандерол бо 300 грамм ҳуҷҷат 858 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.