Ширкати “Қолинҳои Қайроққум” ба мукофоти давлатӣ дар соҳаи қолинбофӣ сазовор дониста шуд

Маводи шарикон

Рӯзи 30 августи соли ҷорӣ ширкати “Қолинҳои Қайроққум” барои саҳми арзандааш дар рушди саноати нассоҷӣ аз дасти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мукофот гирифт. Ин бори дигар аҳаммияти фаъолияти корхона ва саҳми онро дар иқтисоди кишвар таъкид месозад.

Ба ифтихори ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони шоистаи касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти меҳнатиашон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, мукофоту унвон ва ҷоизаҳои давлатӣ тақдим кард. Раиси Шӯрои мудирони ширкати “Қолинҳои Қайроққум” Зафар Азимов низ аз ҷумлаи онҳое буд, ки аз дасти сарвари давлат мукофот гирифтанд.

Зафар Азимов барои ин мукофоти баланди давлатӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон самимона изҳори миннатдорӣ кард. Ӯ зикр кард, ки комёбиҳои ширкат ба дастгирии доимии Президенти кишвар робита ногусастанӣ дорад.

ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” яке аз бузургтарин корхонаҳои бисёрсоҳавӣ оид ба истеҳсоли қолинҳо ва маснуоти қолинӣ мебошад.

Ширкат анъанаҳои қадимаи қолинбофиро идома дода, зиёда аз ним аср ба истеҳсоли қолинҳои хушсифату аъло, ки зебоии нотакрори табиати диёрро тараннум мекунанд, машғул аст. Дар қолинҳо анъанаҳои қадимӣ ва муосири халқи тоҷик таҷассум ёфта, асрори устодони маъруфи асрҳои миёна ҳифз шудаанд, ки дар баробари технологияҳои муосир истифода мешаванд.

Бо иқтидори назарраси истеҳсолӣ ва захираҳои кадрӣ, ширкат ҳадафи асосии худро пайгирӣ мекунад, ки ба эҷоду такмили маҳсулот, хидматрасониҳои хушсифату рақобатпазир ва қаноатманд кардани муштариён дар сатҳи олӣ нигаронида шудааст.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз корхона дар саҳфаҳои таърихи корхона муҳимтарин рӯйдод маҳсуб меёбад. Сафарҳои мунтазами ӯ бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти корхона ва саривақт дастуру супоришҳо додан барои рушди минбаъдаи он сурат мегирифтанд.

Сафари охирини Пешвои миллат моҳи марти соли ҷорӣ сурат гирифта буд. Бо иштироки бевоситаи ӯ истеҳсоли рӯйпӯши тафтингии чопӣ роҳандозӣ шуд. Ин иқдоми муҳим боз як мисоли дастгирӣ ва таваҷҷуҳи фаъоли Сарвари давлат ба ширкат аст.

Бояд гуфт, ки бо кӯмаки доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шахсии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди фаъолияти истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Қабули Барномаи рушди қолинбофӣ барои солҳои 2014-2020 ва 2021-2025 ба рушди ин соҳа дар Тоҷикистон мусоидат карда, қолинбофон барои он ба ҳукумат ва шахсан ба Сарвари давлат изҳори сипос мекунанд, зеро бо шарофати онҳо соҳаи қолинбофӣ сол аз сол рушд меёбад.

Илова бар ин, Барномаи рушди қолинбофӣ ба ҶСК “Қолинбофии Қайроққум” имкон дод, ки таҷҳизоти технологии худро такмил дода, ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш диҳад ва рақобатпазирии маҳсулоти худро ҳам дар бозорҳои дохилӣ ва ҳам дар бозори хориҷӣ баланд бардорад. Дар натиҷаи афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, пардохтҳо ба буҷет зиёд шуданд ва корхона ҳадафҳои стратегии Ҳукуматро оид ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда муваффақона иҷро мекунад.

Бо шарофати дастгирии давлатӣ ва барномаи азнавсозии техникӣ, шурӯъ аз соли 2013 ширкат барои харидории таҷҳизоти технологии истеҳсолкунандагони пешрафтаи соҳаи қолинбофӣ, аз қабили Олмон, Белгия, Туркия, Фаронса, Ҷопон, Австрия, Ҳиндустон ва Федератсияи Русия сармоягузории хориҷӣ ва худиро ҷалб кард. Ҳамаи ин ширкатҳо истеҳсолкунандагони пешрафтаи таҷҳизоти технологӣ дар соҳаи қолинбофӣ ба шумор мераванд.

Дар муқоиса бо соли 2013, ширкат то соли 2022 ба болоравии назарраси нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ ноил гардид. Ҳаҷми истеҳсоли махсулоти қолинбофӣ 3 баробар, музди меҳнати миёнаи коргарон – 1,5 баробар, фонди музди кор – 2,4 баробар ва теъдоди кормандон тибқи рӯйхат ба ҳисоби миёна 1,7 баробар афзуд. Қобили зикр аст, ки пардохтҳо ба буҷет нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба таври назаррас афзуда, 10,8 баробар зиёд шуданд.

Зафар Азимов таъкид кард, ки ҳайати кормандони корхонаи қолинбофӣ минбаъд ҳам бо меҳнати фидокорона дар амалисозии иқдомҳои созандаи Президенти мамлакат саҳми худро хоҳанд гузошт.

“Кӯмаку дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо имкон медиҳад, ки ба татбиқи нақшаҳои стратегиамон ноил гардида, ба саноатикунонии босуръати кишвар саҳми босазои худро гузорем”, – таъкид дошт Раиси Шӯрои мудирони ширкат.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...