Мусодираи қариб 5,5 кг тилло аз мусофирони хатсайри Душанбе – Деҳлӣ

Кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи Ню-Деҳлӣ ду мусофири хатсайри Душанбе – Деҳлиро боздошт намуданд: ҳангоми азназаргузаронии бағочи онҳо қариб 5,5 кг тилло дарёфт ва мусодира шудааст. Дар ин бора дар шабакаи Х-и (собиқ Твиттер) хадамоти гумруки фурудгоҳ хабар дода мешавад. “Дар натиҷаи санҷиши дақиқ ва кофтукови шахсии мусофирон кормандони хадамоти гумрук аз як русиягӣ ва шаҳрванди […]

Asia-Plus

Кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи Ню-Деҳлӣ ду мусофири хатсайри Душанбе – Деҳлиро боздошт намуданд: ҳангоми азназаргузаронии бағочи онҳо қариб 5,5 кг тилло дарёфт ва мусодира шудааст. Дар ин бора дар шабакаи Х-и (собиқ Твиттер) хадамоти гумруки фурудгоҳ хабар дода мешавад.

“Дар натиҷаи санҷиши дақиқ ва кофтукови шахсии мусофирон кормандони хадамоти гумрук аз як русиягӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе ба Ню-Деҳлӣ омада буданд, 5488 грамм тиллоро бо арзиши 2,73 лаки рупияи ҳиндӣ (330 ҳазор доллар) дарёфт ва мусодира карданд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳар ду мусофир айни замон ба ҳабс гирифта шуда, корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.

Дигар ҷузъиёт, аз ҷумла дар бораи ному насаби боздоштшудагон ва чӣ гуна ба онҳо муяссар гардидани интиқоли чунин миқдор тилло ва кай боздошт шудани онҳо хабар дода намешавад.

Парвозҳо аз Душанбе ба Деҳлӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе иҷро карда мешаванд. Охирин парвоз тариқи ин хатсайр рӯзи 31 август анҷом дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.