Дар ҷануби Тоҷикистон яке аз қитъаҳои калидии роҳи мошингард ба истифода дода шуд

Қитъаи роҳи мошингарди Қизилқалъа – Бохтар, ки яке аз қитъаҳои калидии шоҳроҳи байниминтақавии Душанбе – Бохтар ба шумор меравад, охири ҳафтаи гузашта ба истифода дода шуд. Тавре ки маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи он вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA)  […]

Қитъаи роҳи мошингарди Қизилқалъа – Бохтар, ки яке аз қитъаҳои калидии шоҳроҳи байниминтақавии Душанбе – Бохтар ба шумор меравад, охири ҳафтаи гузашта ба истифода дода шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи он вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA)  Акихико Танака ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошихиро Аики иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ зикр мекунанд, ки корҳои сохтмонии лоиҳаи таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Бохтар” моҳи июни соли 2021 оғоз ёфтанд.

Маблағи умумии гранти ҷудошуда аз ҷониби ҳукумати Ҷопон 3,2 млрд йени ҷопонӣ (тақрибан 31 млн доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад. Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти ҶТ, машваратчӣ ширкати ҷопонии “CTI Engineering international, Co., Ltd.” ва пудратчии асосӣ ширкати ҷопонии “Dai  Nippon Construction” мебошанд.

Гуфта мешавад, 24 апрел дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон  президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонии лоиҳа шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва саҳми мутахассисони ҷопонӣ баҳои баланд дод.

Дар Вазорати нақлиёт бар ин назаранд, ки роҳи лоиҳавӣ дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон, бахусус раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.