Марги яке аз гумонбарони рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев дар боздоштгоҳ

Акбар Аҳмадов, яке аз гумонбарон дар рабудану қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ба таври шубҳабарангез ҳалок шудааст ва ӯро пинҳонӣ дар зодгоҳаш ба хок супурданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба монебеи худ иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин расона, “мақомоти Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати корҳои […]

Акбар Аҳмадов, яке аз гумонбарон дар рабудану қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ба таври шубҳабарангез ҳалок шудааст ва ӯро пинҳонӣ дар зодгоҳаш ба хок супурданд.

Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба монебеи худ иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин расона, “мақомоти Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе рӯзи 30-уми август ҷасади Акбар Аҳмадовро (дар санадҳо Ахмедов) ба волидонаш додаанд ва гуфтаанд дар бораи фавти ӯ дар боздоштгоҳ ба ҳеч ваҷҳ хабар надиҳанд”.

Ба қавли монеби Радиои Озодӣ, ҷасади Акбар Аҳмедовро ба наздиконаш нишон надодаанд ва дар дохили тобути чӯбӣ ба қабристони Хуҷанд бурда, ба хок супурдаанд.

Акбар Аҳмадов ба қавли мақомоти Тоҷикистон, яке аз аъзоёни гуруҳи гуруҳи муташаккили ҷиноие аст, ки дар рабудану куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” даст доранд. Ба иттилоъ Додситонии куллии кишвар, ӯ пас аз содир кардани ҷиноят ба Русия фирор кардааст.

“Ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, Акбар Аҳмедов таҳти пайгарди ҷиноӣ буд ва аввали моҳи август мақомоти интизомӣ модарашро дастгир карда, ба боздоштгоҳ оварданд ва барои фишор ба Акбар Аҳмедов нигоҳ доштанд. Ба қавли яке аз мусоҳибони мо, “Акбар миёнаҳои моҳи август ночор аз Маскав ба Душанбе омад ва худро ба мақомоти интизомӣ таслим кард”, – менависад Радиои Озодӣ.

Ин расона аз қавли як нафари огоҳ аз қазия менависад, ки “Акбар Аҳмадовро вақти пурсиш сахт шиканҷа кардаанд, то ба суолҳо посух диҳад, аммо ӯ ба ин ҳама “тоб наоварда, фавтид”.

Пештар аз ин, дафтари матбуоти ВКД-и Русия хабар дода буд, ки ду гумонбари куштори бонкир дар ин кишвар боздошт шудаанд. Дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ба Маскав барои мулоқоти бо ҳамтои русаш рафтааст ва “масъалаи дастгир кардани Дилшод Саидмуродовро дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев ба миён хоҳад гузошт”.

Дилшод Саидмуродов ё “Дилшоди СБ”-ро мақомоти кишвар роҳбари гуруҳи ҷиноятие медонанд, ки Шуҳрат Исматуллоевро рабудаву куштааст.

Моҳи гузашта Додситонии кулли кишвар аз боздошту истирдоди як нафар гумонбари дигари рабудани қатли Шуҳрат Исматуллоев бо номи Бахтовар Сафарови 28-сола хабар дод, ки дар Туркия дастгир шудааст.

Он замон Додситонии кулл навишт, ки дар умум 13 аъзои гуруҳи ҷиноятӣ, ки дар қазияи рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доштанд, дастгир шудаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки қаблан Рустам Ашӯров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рабудани куштори Шуҳрат Исматуллоев гумонбар мешуд, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова як марзбон ва як афсари амниятро ҳадафи тир қарор дода, чанд нафарро захмӣ кард ва дар ҷараёни амалиёти безараргардонӣ захмӣ шуда ба беморхона интиқол ёфт. Чанде пас ӯ даргузашт.

Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев 23-уми июни соли 2023 дар маркази пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рабуда шуд. Баъдтар Додситонии куллии кишвар иттилоъ дод, ки Шуҳрат Исматуллоевро як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабудааст ва дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.” Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Пас аз беш аз як моҳи ҷустуҷӯ, Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотии ахир гуфт, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 13-уми август дарёфт ва шахсияти ӯро баъди ташхиси дандонҳояш муайян кардаанд. Бонкирро 30-юми август ба хок супориданд ва мақомот нагузоштанд рӯзноманигорон аз маросими видоъ гузориш пахш кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.