Ду гумонбари дигар ба куштори Шуҳрат Исматуллоев дар Русия боздошт шудаанд

Ду гумонбари дигар ба рабудан ва куштори Шуҳрат Исматуллоев, бонкдори шинохта ва муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” дар Русия боздошт шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Русия иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, дирӯз, 29-уми август, вазирони корҳои дохилаи Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев дидору гуфтушунид карданд. Владимир Колоколтсев аз таҳкими ҳамкории судманди ду […]

Ду гумонбари дигар ба рабудан ва куштори Шуҳрат Исматуллоев, бонкдори шинохта ва муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” дар Русия боздошт шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Русия иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дирӯз, 29-уми август, вазирони корҳои дохилаи Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев дидору гуфтушунид карданд.

Владимир Колоколтсев аз таҳкими ҳамкории судманди ду вазорат дар соли равон ҳарф зада, аз амалиёти байнидавлатии оперативӣ-пешгирикунандаи “Ҷустуҷӯ” мисол овардааст.

“Дар натиҷаи чорабиниҳои муштарак ду гумонбар дар куштори яке аз бонкдорон дар Тоҷикистон боздошт шуданд”, – гуфтааст Колоколтсев.

Аммо ному насаби ду гумонбар дар куштори бонкдори тоҷик дар хабар гуфта нашудааст.

Ду рӯзи пеш ВКД-и Тоҷикистон хабар дод, ки Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари кориаш ба Русия масъалаи дастгир кардани Дилшод Саидмуродовро дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев ба миён хоҳад гузошт.

Дилшод Саидмуродовро мақомоти Тоҷикистон саркардаи гурӯҳи ҷиноие медонанд, ки Шуҳрат Исмадуллоевро рабудаанд. Ба қавли мақомот, ӯ гурӯҳи ҷиноиро роҳбарӣ карда, пас аз рабудану ба қатл расонидани бонкир ба Русия фирор кардааст.

Вақтҳои охир дар расонаҳо хабарҳое нашр гардиданд, ки гӯё Дилшод Саидмуродов пас аз фирор ба ҳайати “Вагнер” пайваста, талош дорад “баталйони тоҷикӣ” таъсис диҳад.

Вале Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии ахираш гуфта буд, ки Дилшод Саидмуродов ва ҳамтоёни ӯ дар куҷое набошанд, дар кадом созмоне ворид навашанд, дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ, онҳоро дастгир мекунанд.

Ҳоло маълум нест, ки яке аз ин ду нафари гумонбарони қатли Шуҳрат Исматуллоев – Дилшод Саидмуродов ҳаст ё не.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба тамосҳои пайдарпайи мо ҷавоб надоданд, то дар ин робита маълумот дарёфт кунем.

Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Шуҳрат Исматуллоевро як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида, то соати 03:00 бо истифода аз  электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа карда, ба қатл расонидаанд.

Гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, баъди рабудан, шиканҷа ва куштор, ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва автомашинаашро ба дарёи Зарафшон партофта буданд.

“Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хӯҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашӯров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд”, – хабар медод Додситонии кулл.

Пеш аз ин хабаре нашр гардида буд, ки Рустам Ашӯров, яке аз аъзоёни гуруҳи ҷинотяӣ рӯзи 30-юми июн вақте барои убури марз ва ворид шудан ба давлати Молдова посухи рад гирифт, ду афсари амнияти фурудгоҳи Кишинёвро бо истифода аз силоҳи худи онҳо ба қатл расонид. Ҳангоми амалиёти дастгиркунии мақомоти Молдова худи Рустам Ашӯров низ захмӣ ва дертар дар беморхона ҷон дод.

Баъди ин, Додситони кул рӯзи 7-уми август хабар дод, ки Бахтовар Сафаров, як гумонбари дигар дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар пайи қазияи рабуда ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев 16 нафар гумонбар буда, то ба ҳол 13 нафари онҳо дастгир шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев пас аз ду моҳи ҷустуҷӯ аз дарёи Зарафшон дар шаҳри Панҷакент пайдо шуд ва зуҳри имрӯз, 30-юми август дар Душанбе ба хок супорида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.