Имсол дар Тоҷикистон 260 ҳазор нафар ба синфи 1-ум мераванд

Дар соли хониши ҷорӣ тақрибан 260 ҳазор нафар бори нахуст пой ба остонаи мактаб мениҳанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон. Ин рақам дар муқоиса бо соли гузашта зиёдтар аст. Соли хониши гузашта зиёда аз 200 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи 1-ум рафта буданд. Ёдрас мекунем, ки дар нишасти матбуотии Вазорати […]

Дар соли хониши ҷорӣ тақрибан 260 ҳазор нафар бори нахуст пой ба остонаи мактаб мениҳанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Ин рақам дар муқоиса бо соли гузашта зиёдтар аст. Соли хониши гузашта зиёда аз 200 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи 1-ум рафта буданд.

Ёдрас мекунем, ки дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар бораи норасоии омӯзгорон дар соли хониши гузашта хабар дода шуда буд.

Норасоии 3 ҳазору 434 омӯзгор бахусус дар фанҳои дақиқ – математика, физика ва кимиё ба мушоҳида расид.

Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки барои ҳалли ин масъала 4 ҳазору 347 нафар муаллимон ба шаҳру навоҳӣ фиристода шуда, онҳо бояд аз санҷиши дахлдор гузаранд ва сипас ба кор қабул карда шаванд.

Бино ба маълумоти Вазорат, имрӯз дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 967 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 126 ҳазору 354 нафар омӯзгорон машғули коранд. Миёни онҳо 81 ҳазору 822 нафарашон занон мебошанд.

Теъдоди умумии хонандагон ба 2 млн 232 ҳазору 114 нафар расида, 1 млн 79 ҳазору 197 нафарашон духтаронанд.

Қобили зикр аст, ки дар соли хониши нав дар саросари кишвар 312 бинои нави мактабу кӯдакистонҳо ба истифода дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.