“Афғонистон бомбаест, ки ҳар лаҳза метавонад таркад”. Мулоқоти Аҳмад Масъуд бо Сергей Миронов

Раиси Ҳизби Русияи боадолат гуфтааст, ки тирамоҳи меомада дар Русия вобаста ба мушкилоти Афғонистон мизи мудаввар баргузор мешавад. Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон рӯзи 28-уми август дар Думаи давлатӣ дар Русия бо Сергей Миронов, раиси Ҳизби “Русияи боадолат – Барои Ҳақиқат” (Справедливая Россия) мулоқот кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии Ҳизби Русияи боадолат […]

Таҳияи Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Раиси Ҳизби Русияи боадолат гуфтааст, ки тирамоҳи меомада дар Русия вобаста ба мушкилоти Афғонистон мизи мудаввар баргузор мешавад.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон рӯзи 28-уми август дар Думаи давлатӣ дар Русия бо Сергей Миронов, раиси Ҳизби “Русияи боадолат – Барои Ҳақиқат” (Справедливая Россия) мулоқот кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии Ҳизби Русияи боадолат хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин мулоқот вазъи сиёсии Афғонистон ва роҳҳои имконпазири ҳалли мушкилоти он баррасӣ шудааст.

“Дар Русия ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Афғонистон эҳтиром ва арҷ гузошта мешавад. Мо бар он ақида ҳастем, ки мардуми ин кишвар бояд ояндаи худро худашон муайян кунанд”, – гуфтааст Сергей Миронов.

Миронов таъкид кардааст, ки “Афғонистон набояд ба ҳеҷ ваҷҳ майдони ҳар гуна ормонҳои геополитикии кишварҳои сеюм гардад”.

Аҳмад Масъуд гуфтааст, ки дар замони ҳукмронии Толибон* вазъи сиёсии Афғонистон бадтар шуда, созмонҳои террористӣ зиёд ва қочоқи маводи мухаддир ривоҷ ёфт ва ҳуқуқи мардум ҳам поймол гардид.

“Агар дар шароити кунунӣ дар Афғонистон ҳукумате таъсис наёбад, ки ба манфиати халқҳои муқими ин кишвар амал кунад, агар маводи мухаддир боздошта нашавад ва бо созмонҳои террористие, ки дар ин кишвар мавҷуданд, мубориза бурда нашавад, Афғонистон метавонад, ба бомбаи дар ҳоли омода ба инфиҷор табдил ёбад, ки ҳар лаҳза метавонад таркад”, – гуфтааст Аҳмад Масъуд.

Сергей Миронов аз номи ҳизбаш дар парламенти федералӣ ба Аҳмад Масъуд изҳори дастгирӣ кардааст.

Ӯ инчунин гуфтааст, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар Думаи давлатӣ бо ширкати Аҳмад Масъуд мизи мудаввар ташкил шуда, ба баррасии мушкилоти Афғонистон равона мешавад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.