Додгоҳ иҷрои ҳукми се соли зиндони собиқ сарвазири Покистонро мавқуф гузошт

Додгоҳи Исломободи Покистон дар бораи зери гарав раҳо намудани собиқ сарвазири Покистон Имрон Хон, ки қаблан ба се соли зиндон маҳкум шуда буд, қарор қабул кард. Иҷрои ҳукм нисбати сиёсатмадор ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шудааст. “Нусхаи қарор дар фурсатҳои наздик дастрас хоҳад буд. Айни замон танҳо ҳаминро гуфта метавонем, ки дархости Имрон Хон дар […]

Додгоҳи Исломободи Покистон дар бораи зери гарав раҳо намудани собиқ сарвазири Покистон Имрон Хон, ки қаблан ба се соли зиндон маҳкум шуда буд, қарор қабул кард. Иҷрои ҳукм нисбати сиёсатмадор ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шудааст.

“Нусхаи қарор дар фурсатҳои наздик дастрас хоҳад буд. Айни замон танҳо ҳаминро гуфта метавонем, ки дархости Имрон Хон дар мавриди раҳо кардан зери гарав ва ба таъхир гузоштани иҷрои ҳукм қонеъ карда шуд”, – хабар додааст адвокати собиқ нахуствазири Покистон дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони маҳаллии Geo, менависад РИА Новости.

Моҳи апрел Имрон Хон аз рӯи парвандаи қаллобӣ дар робита ба фурӯши дуздии молҳои арзишманд аз хазинаи Тошхона ба се соли зиндон маҳкум шуда буд. Дар ҳукм инчунин маҳрум кардани Имрон Хон аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти сиёсӣ дар муддати панҷ соли наздик пешбинӣ мегардад.

Имрон Хон мансаби сарвазирии Покистонро аз соли 2018 то соли 2022 бар дӯш дошт. Моҳи апрели соли 2022 ба ӯ изҳори нобоварӣ шуд. Моҳи октябр ӯро аз интихобот барканор намуда, аз ҳаққи ишғоли мансабҳои давлати ба муддати панҷ сол маҳрум карданд.

Рӯзи 9 майи соли равон Имрон Хон аз ҷониби мақомоти пулис боздошт шуд. Ба ӯ ва ҳамсараш Бушра Бибӣ дар даст доштан ба коррупсия ва истифодаи бунёди оилавии “Ал-Қодир траст” бо мақсади дуздии 50 млрд рупияи покистонӣ (ҳудуди 175 млн доллар) аз буҷет ҳангоми таъсиси Донигоҳи Ал-Қодир айбнома пешниҳод шуд.

Рӯзи 10 май додгоҳ Имрон Хонро ба ҳабс гирифта,  ин амал ба эътирозҳои оммавӣ дар кишвар боис гардид. 11 май ҳабсро ғайриқонунӣ эътироф намуда, собиқ сарвазирро бо гарав озод карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.