Теъдоди қурбониёни боришот дар Тоҷикистон ба 21 нафар расид

Зимни рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар манотиқи осебдидаи Тоҷикистон ҷасади чаҳор нафари дигар пайдо шуд. Ҳамин тариқ, шумораи фавтидагон аз офати табиӣ ба 21 нафар расид – дирӯз дар бораи ба ҳалокат расидани 17 нафар хабар дода шуда буд. Умеда Юсуфӣ , сухангӯи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ин робита ба “Азия-Плюс” гуфт,  дар давоми […]

Зимни рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар манотиқи осебдидаи Тоҷикистон ҷасади чаҳор нафари дигар пайдо шуд. Ҳамин тариқ, шумораи фавтидагон аз офати табиӣ ба 21 нафар расид – дирӯз дар бораи ба ҳалокат расидани 17 нафар хабар дода шуда буд.

Умеда Юсуфӣ , сухангӯи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ин робита ба “Азия-Плюс” гуфт,  дар давоми рӯз ҷасади ду нафари дигар дар Ваҳдат ва ду нафар дар Варзоб пайдо шуд, ки дар миёни онҳо тифли 40-рӯза низ ҳаст.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ дар шаҳри Ваҳдат 17 нафар ва дар навоҳии Рӯдакӣ ва Варзоб 2- нафарӣ аз офати табиӣ ба ҳалокат расидаанд.

Умеда Юсуфӣ афзуд, ҷасадҳо барои муайян кардани шахсият ба мақомоти дахлдор супурда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки субҳи рӯзи 28-уми август дар бораи ҳалокати 13 нафар – 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва ду нафари дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ гузориш шуда буд.

Умеда Юсуфӣ гуфт, ки аз ҳисоби КҲФ барои корҳои барқарорсозӣ дар шаҳри Ваҳдат 3 тонна ва барои шаҳри Ҳисор 2 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо шудааст.

Ӯ зикр кард, ки ҳоло шоҳроҳи Ваҳдат-Ромит комилан аз гил ва санг тоза шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст.

Ба гуфтаи вай, дар ҷои ҳодиса комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи маҳаллӣ кор мекунанд ва ҳаҷми хисорот муайян карда хоҳад шуд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки бо супориши раисиҷумҳури кишвар як гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъсис дода шуд, ки як рӯз пеш аз манотиқи осебдида боздид кардааст.

Рӯзи 27-уми август дар Тоҷикистон селу обхезӣ сар зад. Дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва навоҳии Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод омадани селу ярч хисороти ҷиддӣ дар пай дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.