Имрӯз ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро ба хок месупоранд. Ӯ чӣ гуна рабуда ва кушта шуд?

Зуҳри имрӯз, 30-юми август дар масҷиди “Сари осиё”-и шаҳри Душанбе ҷанозаи Шуҳрат Исматуллоев, бонкдори шинохта ва муовини собиқи раиси “Ориёнбонк”, ки моҳи июн аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятӣ рабудаву кушта шуд, баргузор мегардад. Дар ин бора наздикони марҳум хабар доданд. Ба иттилои онҳо, ҷасади Исматуллоев, ки баъди тақрибан 2 моҳи кофтуков дар дарёи Зарафшон дар минтақаи […]

Зуҳри имрӯз, 30-юми август дар масҷиди “Сари осиё”-и шаҳри Душанбе ҷанозаи Шуҳрат Исматуллоев, бонкдори шинохта ва муовини собиқи раиси “Ориёнбонк”, ки моҳи июн аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятӣ рабудаву кушта шуд, баргузор мегардад. Дар ин бора наздикони марҳум хабар доданд.

Ба иттилои онҳо, ҷасади Исматуллоев, ки баъди тақрибан 2 моҳи кофтуков дар дарёи Зарафшон дар минтақаи Саразми Панҷакент дарёфт шуд, дар қабристони Сари осиё ба хок супорида мешавад.

Қаблан, Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 13-уми август дарёфт ва шахсияти ӯро баъди ташхиси дандонҳояш муайян кардаанд.

Қазияи рабуда ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев аз пурсарусадотарин ҳаводиси чанд моҳи охир ба ҳисоб меравад, ки печутобҳои зиёде дорад.

Дар миёнаҳои моҳи июни соли равон, баъди сару садо дар бораи рабуда шудани ӯ, Вазорати корҳои дохилии кишвар бо нашри иттилоияе хабар дод, ки Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 23-юми июни соли 2023, тахминан соати 20:10-дақиқа дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар дастгир ва ба воситаи нақлиёти “Хюндай-Соната” ба ҷои номаълум бурда шуд.

ВКД ба касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофот ваъда кард.

Ин ниҳод бо нашри иттилоияи алоҳида гуфт, ки нафароне, ки дар одамрабоии Исматуллоев Шуҳрат даст задаанд, агар ихтиёран шахси гаравгонро озод намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ба онҳо меъёри сабукидиҳанда татбиқ карда мешавад.

Тарқибан, баъди як ҳафта, Додситонии кулли кишвар ҷузъиёти рабудан ва кушта шудани Исматуллоевро муфассал шарҳ дод.

Ин ниҳод навишт, ки Шуҳрат Исматуллоев аз ҷониби як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида шуда, то соати 03:00 бо истифода аз  электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа ва ба қатл расонида шуд.

Дар иттилоияе, ки ин ниҳод нашр намуд, гуфта мешуд, ки роҳбари гуруҳ Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович (“Дилшоди СБ” ё “Красавчик”) буд ва аъзоёни дигари гурӯҳ Рустам Ашуров, Шоҳрух Хуҷаев, Акбар Ахмедов ва дигарон мебошанд.

Ба навиштаи ин ниҳод, нақшаи ҷинояти мазкур моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ гардидааст.

Ин ниҳод менависад, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва автомашинаи тамғаи “Хюндай – Соната”-ро дар километри 130-юми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

“Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд”, – навишт Додситонии кулл.

Пеш аз ин хабаре нашр гардида буд, ки Рустам Ашӯров, яке аз аъзоёни гуруҳи ҷинотяӣ рӯзи 30-юми июн вақте барои убури марз ва ворид шудан ба давлати Молдова посухи рад гирифт, ду афсари амнияти фурудгоҳи Кишинёвро бо истифода аз силоҳи худи онҳо ба қатл расонид. Ҳангоми амалиёти дастгиркунии мақомоти Молдова худи Рустам Ашӯров низ захмӣ ва дертар дар беморхона ҷон дод.

Ӯ дар як навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ба модараш иқрор мешавад, ки ӯ ба рабудан ва куштани одам саҳм дорад ва “Шуҳрат Исматуллоевро барои биткоин (пули электронӣ) дуздиданд ва баъди шиканҷа ва ба ҳалокат расидани ӯ, ҷасадро ба дарёи Варзоб партофтаанд”.

Ҳамин тариқ, куштори Шаҳрат Исматуллоев ҳадсу гумонҳои мухталифро ба миён овард.

Додситони кул рӯзи 7-уми август хабар дод, ки Бахтовар Сафаров, як гумонбари дигар дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Юсуф Раҳмон дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар пайи қазияи рабуда ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев 16 нафар гумонбар буда, то ба ҳол 13 нафари онҳо дастгир шудаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷиикистон дар нишасти ахири матбуотӣ тасдиқ кард, ки ду нафар кормандони пешини ВКД дар ин ҷиноят фаъолона ширкат доштанд.

Ӯ гуфта буд, аз тарафи ҷинояткороне, ки аллакай дастгир шудаанд, рабуда ва баъдан ба қатл расонидани Шуҳрат Исматуллоев пурра исбот гардида, чанде аз аъзоёни гурӯҳи ҷиноятӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ бурдаанд, барои боздошту ба кишвар овардани онҳо чораҷӯӣ идома дорад.

Рамазон Раҳимзода паноҳ бурдани Дилшод Саидмуродов, мулаққаб бо “Дилшоди красавчик ё СБ”-ро дар Ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер рад кард ва изҳор дошт, ки Дилшод Саидмуродов ва ҳамтоёни ӯ дар куҷое набошанд ва ба кадом созмоне ворид нашаванд бо ҳамтоёни хориҷии худ онҳоро дастгир мекунанд." Дилшод Саидмуродов яке аз кормнадони пешини ВКД буда, сардори гурӯҳи ҷиноятӣ дар рабуда ва куштани муовини “Ориёнбонк” дониста мешавад.

Дирӯз, ВКД хабар дод, ки Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари кориаш ба Русия масъалаи дастгир намудани Дилшод Саидмуродовро дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев ба миён хоҳад гузошт.

Бояд гуфт, ки Шуҳрат Исматуллоев 49 сол дошта, бародари Дилшод Исматуллозода, раиси собиқи ширкати “Тоҷик эйр” мебошад.

Ӯ солҳои дароз дар “Ориёнбонк” ба ҳайси муовин фаъолият дошт ва яке аз мутахассисони хуби соҳаи бонкдорӣ гуфта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.