Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев дар Панҷакент пайдо шуд

Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”, ду рӯз пеш аз шаҳри Панҷакент пайдо шудааст. Дар ин бора имрӯз, 15-уми август, Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.  “Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев аз шаҳри Панҷакент, аз наздикии маҳалли Саразм пайдо шуд. Шахсияти ӯро баъди ташхиси дандонҳояш муайян карданд”, – гуфт Юсуф Раҳмон. Ба гуфтаи ӯ, […]

Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”, ду рӯз пеш аз шаҳри Панҷакент пайдо шудааст. Дар ин бора имрӯз, 15-уми август, Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

 “Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев аз шаҳри Панҷакент, аз наздикии маҳалли Саразм пайдо шуд. Шахсияти ӯро баъди ташхиси дандонҳояш муайян карданд”, – гуфт Юсуф Раҳмон.

Ба гуфтаи ӯ, дар пайи қазияи рабуда ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев 16 нафар гумонбар буда, то ба ҳол 13 нафари онҳо дастгир шудаанд.

Ахиран Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ тасдиқ кард, ки дар ҷинояти марбут ба рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев “ду корманди собиқи ВКД ширкати фаъолона доштаанд”.

Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида, то соати 03:00, бо истифода аз  электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа карда, ба қатл расонидаанд.

Гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, баъди рабудан, шиканҷа ва куштор, ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва автомашинаашро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Ҷинояткорон 25-уми июн ба  Туркия ва 30-юми июн ба  Молдова фирор намудаанд.

Сардори ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Дилшод Саидмуродов, муқаллаб бо “Дилшоди красавчик ё СБ” гуфта мешуд, аммо Рамазон Раҳимзода паноҳ бурдани ӯро рад кард ва гуфт, Дилшод Саидмуродов ва ҳамтоёни ӯ дар куҷое набошанд, дар кадом созмоне ворид навашанд, дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ, онҳоро дастгир мекунанд.

Рӯзи 7-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои гуфтугӯи Рустам Ашӯров, яке аз гумонбарони рабуда ва куштани Исматуллоев бо модараш нашр шуд, ки дар он ӯ ба рабудан ва куштани одам иқрор мешавад.

Рустам Ашуров дар навор мегӯяд, ки “Шуҳрат Исматуллоевро барои биткоин (пули электронӣ) дуздиданд ва баъди шиканҷа ва ба ҳалокат расидани ӯ, ҷасадро ба дарёи Варзоб партофтаанд”.

Додситони кул рӯзи 7-уми август хабар дод, ки Бахтовар Сафаров, як гумонбари дигар дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки рӯзи 7-уми август як гумонбари дигар дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Ёдовар мешавем, ки муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 23-юми июн, тахминан соати 20:10 дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рабуда шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.