Аз ҷудокорони тоҷик киҳо ба Бозиҳои Осиё ба Чин мераванд?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар Бозиҳои Осиё дар Ханчжоуи Чин ва мусобиқаи Тоскулоҳи Бузург дар Боку муайян шуд.

Тавре ки Федератсияи миллии ҷудои кишвар хабар медиҳад, дар Бозиҳои Осиё, ки 19 сентябр оғоз мешаванд, Тоҷикистонро 11 ҷудокор – 7 мард ва 4 зан намояндагӣ мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаб инҳо дохил шуданд: Меҳрзод Сӯфиев (то 60 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг), Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг), Исроил Раҳимов (то 100 кг), Темур Раҳимов (+ 100 кг),  Мадина Қурбонзода (то 48 кг), Аҳлия Муминова (то 52 кг), Фазилат Гулбоева (то 57 кг) ва Мавлуда Одинаева (то 57 кг).

Мусобиқаҳо дар доираи Бозиҳои Осиё рӯзҳои 24-27 сентябр дар маҷмааи варзишии Olympic Sports Expo Center дар Ханчжоуи Чин доир мегардад.

Ғайр аз ин, ба мусобиқаи Тоскулоҳи Бузург дар Боку, ки рӯзҳои 22-24 сентябр баргузор мешавад, Федератсия 7 ҷудокорро мефиристад: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (то 66 кг),  Маҳмадшариф Наҷмиддинов (то 73 кг),  Шодмон Ризоев (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (то 90 кг), Мансур Раҳмон (зиёда аз 100 кг) ва Шакар Мирмамадов (зиёда аз  100 кг).

Айни замон ҷудокорони тоҷик дар ҷамъомади байнулмилалии тамрину машқ дар Тошканд иштирок доранд, ки  беҳтарин варзишгаронро аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон Молдова Исроил, Туркия ва бисёре кишварҳои дигар гирдиҳам овардааст.

Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон, ки зиёда аз 30 варзишгар ба ҳайати он шомиланд, ба ин ҷамъомади тамринӣ бо раҳбарии мутахассиси Ҷопон Тамура Тори рафтааст.

Ҳадаф аз ин ҷамъомади тамринӣ омодагӣ ба Бозиҳои Осиё дар Ханчжоу, мусобиқаи Тоскулоҳи Бузург дар Боку ва Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия (рӯзҳои 4-7 октябр) унвон мешавад.

“Бо анҷоми ҷамъомад дар Тошканд ҷудокорони тими мунтахаб аз 11 то 18 сентябр омодагиро дар Душанбе идома медиҳанд, то ки ба мусобиқа бо омодагии хуб раванд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Федератсияи миллии ҷудои ҷумҳурӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...