Афзалшоҳ Шодиев: Шералӣ Ҷӯраев пайванде миёни халқҳои тоҷику ӯзбек буд

Шералӣ Ҷӯраев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистону Ӯзбекистон шаби гузашта, 4-уми сентябр, дар синни 77-солагӣ дар шаҳри Тошканд аз олам даргузашт. Ҳампешагонаш дар Тоҷикистон аз ӯ чун овозхони маънисаро ва пайванде миёни халқи тоҷику ӯзбек ёд мекунанд. Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз дӯстони Шералӣ Ҷӯраев мегӯяд, ки марҳум истеъдоди волои сарояндагӣ дошт ва дар […]

Шералӣ Ҷӯраев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистону Ӯзбекистон шаби гузашта, 4-уми сентябр, дар синни 77-солагӣ дар шаҳри Тошканд аз олам даргузашт. Ҳампешагонаш дар Тоҷикистон аз ӯ чун овозхони маънисаро ва пайванде миёни халқи тоҷику ӯзбек ёд мекунанд.

Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз дӯстони Шералӣ Ҷӯраев мегӯяд, ки марҳум истеъдоди волои сарояндагӣ дошт ва дар бозхонии сурудҳои тоҷикӣ низ шӯҳратёр гашт.

Ба қавли Шодиев, Шералӣ Ҷӯраев аз солҳои 1970-ум ба майдони ҳунар ворид шуд ва дар муддати кӯтоҳ, аввал дар Тошканду Самарқанду Бухоро, баъдан дар Душанбе ва ҳавзаи ҳунарии кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ обрӯ ёфт.

Ӯ меафзояд, ки донистани забони тоҷикӣ ва шеъру шуарои тоҷику форс ба Шералӣ Ҷӯраев кӯмак расонид, то дар дилу дидаи тоҷикон ҷой гирад.

“Шералӣ Ҷӯраев забони тоҷикиро бисёр нағз медонистанд ва бо мо комилан ба тоҷикӣ сӯҳбат мекарданд. Зиёд ба Тоҷикистон меомаданд ва бо устодони санъат робитаи танготанг доштанд. Мо низ ҳар вақте ба Ӯзбекистон мерафтем, ҳатман меҳмони Шералӣ Ҷӯраев мешудем. Яъне, намегузоштанд, ки робитаи тоҷику ӯзбек канда шавад ва пайванде миёни ин ду миллат буданд”, – мегӯяд Афзалшоҳ Шодиев.

Афзалшоҳ Шодиев таъкид мекунад, ки “замоне, ки садои овозхон дар Ӯзбекистон бо кадом сабабҳое маҳдуд гардид, мо зиёд ба Тоҷикистон даъват мекардем ва дар тӯю маъракаҳо ва дигар чорабиниҳо бологузар буданд. Робитаи мо ва қавлу бародарии тоҷику ӯзбек аз ду ҷониб мустаҳкам гардида буд”.

Ба гуфтаи Афзалшоҳ Шодиев, Шералӣ Ҷӯраев бо устодони назми муосири тоҷик Лоиқ Шераливу Гулрухсор ва устоди ҳунар Ҷӯрабек Муродов дӯстони хуб буд.

Шералӣ Ҷӯраев чандин оҳангҳои Ҷӯрабек Муродовро бозхонӣ карда, ба чандин шеъри Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор оҳанг бастааст, аз ҷумла суруди “Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад” яке аз сурудҳои тоҷикии сершунавандаи овозхон мебошад.

Аҳли ҳунару адаби тоҷик имрӯз аз даргузашти овозхони шинохта ва ба гуфтаи ҳамкасбонаш, намоди дӯстии ду миллат – тоҷикону ӯзбекон, андӯҳгинанд.

Сарояндагони тоҷик, аз ҷумла Ҷӯрабек Муродов ҳоло барои хайрбод бо Шералӣ Ҷӯраев ба Ӯзбекистон рафтаанд.

Имрӯз ӯро ба хок месупоранд.

Зиндагиномаи Шералӣ Ҷӯраевро дар ин матлаби мо бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.