Дар ҳамоиши тиҷоратӣ дар Тоҷикистон Қазоқистонро 15 ширкат намояндагӣ мекунанд

Дар меҳмонхонаи Hilton Dushanbe-и пойтахт рӯзи 12 сентябр баргузории ҳамоиши тиҷоратии муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст. Тавре ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад, Қазоқистонро дар форум 15 ширкат дар соҳои гуногун, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ (истеҳсоли равғану орд, маснуоти макаронӣ, қаннодӣ ва гӯштӣ), бахши кишоварзӣ (истеҳсоли хӯрока барои чорво), таҷҳизоти […]

Дар меҳмонхонаи Hilton Dushanbe-и пойтахт рӯзи 12 сентябр баргузории ҳамоиши тиҷоратии муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст.

Тавре ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад, Қазоқистонро дар форум 15 ширкат дар соҳои гуногун, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ (истеҳсоли равғану орд, маснуоти макаронӣ, қаннодӣ ва гӯштӣ), бахши кишоварзӣ (истеҳсоли хӯрока барои чорво), таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ, коммутаторҳои шабакавӣ, истеҳсоли трансформатор ва истеҳсоли фосфатии нуриҳои минералӣ намояндагӣ мекунанд.

Ғайр аз ин, дар форум маҳсулот ва дастовардҳои саноати истихроҷи кӯҳӣ ва саноати иктишофи геологӣ муаррифӣ мешаванд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш ҷустуҷӯ ва дарёфти шарикони корӣ байни соҳибкорони ду кишвар, инчунин густариши ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ унвон мешавад.

Қобили зикр аст, ки ин аввалин таҷрибаи ҳамкорӣ дар доираи чунин чорабиниҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон нест.

Солҳои пеш – моҳи июли соли 2019 ва моҳи марти соли 2021 низ дар Душанбе форумҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон доир гардида буданд.

Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон рӯзи 3 май дар Остона форуми тиҷоратии кишварҳо баргузор шуд.

Дар ин форум зиёда аз 200 нафар соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои гуногун иштирок карданд.

Дар ҷараёни кори ҳамоиш ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млрд доллар ҳудуди 40 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.