Кумаки мақомот ба сокинони аз офат осебдидаи шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ

Asia-Plus

Дар доираи Ҳамкории байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо дастгирии шарикони байналмилалӣ аз рӯзҳои аввали офати табиӣ ба аҳолии осебдида бо маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ мунтазам кумак расонида мешавад.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, охири ҳафтаи гузашта Кумита дар ҳамдастӣ бо шарикони байнулмилалӣ ва супориши президент ба 446 хонаводаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ваҳдат ва 90 хонаводаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз сели рӯзҳои 27-28 август осеб диданд, кумак карданд.

“Бо шарофати вокуниши фаврӣ ва ташкили возеҳи ҳамкориҳо бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ дар кишвари мо ва созмони ҷамъиятии «Дили хайрхох» ба аҳолии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, саривақт кӯмак расонида шуд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Бино ба маълумоти КҲФ, ин кумак аз маводи ғизоӣ, маводи ниёзи аввалия, кӯрпаву бистари хоб, бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои нигоҳдории об, лавҳаҳои поксозии оби ошомиданӣ иборат буда, бо ёрии техникаи махсуси КҲФ ба ҷамоати деҳоти шаҳрҳои Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ расонида шуд.

Гуфта мешавад, айни замон корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кӯмаки минбаъда ба дигар деҳоту ҷамоатҳои зарардида таҳти назорати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода идома доранд.

Ёдрас мекунем, ки боришоти шадиди рӯзҳои 27-28 август дар Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ боис гардида, бар асари ин ҳодисаҳо 21 нафар ҳалок шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...