Дастпарвари “Зенит” Руслан Хайлоев тасмим гирифт, ки дар мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад

Дастпарвари академияи дастаи футболи “Зенит”-и Санкт-Петербург Руслан Хайлоев тасмим гирифтааст, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул карда, дар тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад. Ӯ аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон даъватнома гирифтааст, хабар медиҳад Metaratings.ru. Қаблан дафтари матбуоти “Зенит” хабар дода буд, ки нимҳимоятгари 19-сола бо даста дар бораи қатъи қарордод созиш ҳосил намуда, ҳунарнамоии худро дар Тоҷикистон […]

Дастпарвари академияи дастаи футболи “Зенит”-и Санкт-Петербург Руслан Хайлоев тасмим гирифтааст, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул карда, дар тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад. Ӯ аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон даъватнома гирифтааст, хабар медиҳад Metaratings.ru.

Қаблан дафтари матбуоти “Зенит” хабар дода буд, ки нимҳимоятгари 19-сола бо даста дар бораи қатъи қарордод созиш ҳосил намуда, ҳунарнамоии худро дар Тоҷикистон идома медиҳад.

Ба иттилои нашрия, ин тасмими бозингар ба хоҳиши тағйир додани шаҳрвандиаш низ вобаста аст.

Қобили зикр аст, ки дар Лигаи дуюм, ки “Зенит-2” дар он бозӣ мекунад, легионерҳо бозӣ карда наметавонанд, ки ин ҳам ба қарори бозингар таъсир расонидааст. “Зенит” ба хоҳиши ӯ монеъа эҷод накардааст.

Хайлоев Руслан Диловаршоевич 29 октябри соли 2003 таваллуд шудааст. Аз синни 6-сола ба машқу тамрини футбол дар Твер оғоз кардааст.

Ба “Газпром”-Академияи дастаи футболи “Зенит” соли 2019 омадааст.

Дар мавсими 2020/21 дар ҳайати тими наврасони “Зенит” ғолиби Лигаи футболи наврасон-1 гардидааст.

Рӯзи 31 октябри соли 2021 Руслан Хайлоев дар вохӯрии даври 18-уми Лигаи футболи миллӣ-2 (ФНЛ) бори аввал дар ҳайати “Зенит”-2 ҳунарнамоӣ кардааст.

Дар мавсими ҷории Дивизиони “Б” LEON-Лигаи дуюм Руслан дар 5 бозӣ иштирок кардааст. Дар ин бозиҳо ӯ як тӯб ба дарвоза равон карда, ду партоби головар иҷро кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.