Дар Ӯзбекистон барои пинҳон кардани чеҳра ва таблиғи бисёрзанӣ ҷазо муқаррар карда шуд

Asia-Plus

Палатаи қонунгузори парлумони Ӯзбекистон бо қабули тағйироту иловаҳо ба қонуни дахлдор таблиғи бисёрзанӣ ва дар ҷойҳои ҷамсъиятӣ пӯшидани либосеро, ки чеҳраро пинҳон мекунад ё шинохтани шахсро душвор месозад (аз ҷумла, ҳиҷобро) манъ кард. Дар ин бора телеграм-канали Палатаи қонунгузори парлумони Ӯзбекистон иттилоъ дод.

“Ҷавобгарии маъмурӣ барои мусоидат ба ҳамзистӣ бо ду ва зиёда занҳо, барои ошкоро инкор кардани баробарии занон ва мардон пешбинӣ шудааст”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар қонуни мазкур оид ба навъи ҷавобгарии маъмурӣ мушаххас чизе гуфта нашудааст.

Вакилон қайд карданд, ки сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда дар Ӯзбекистон шумораи ақди никоҳ аз рӯи расму оинҳои динӣ зиёд шуда, ба ин далел, ҳолатҳои бисёрзанӣ афзоиш меёбад.

“Дар мамлакат тарғиби бисёрзанӣ ва “афзалиятҳои” он вусъат меёбад. Дар натиҷа теъдоди кӯдакони танҳо пас аз никоҳ таваллудшуда низ зиёд шудаанд”, – гуфтаанд вакилон.

Дар мавриди дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки чеҳраро пинҳон мекунад ё шинохтани шахсро душвор месозад вакилон баъзе истисноҳо пешбинӣ кардаанд. Яъне, агар шахс дар асоси дастурамалҳои тиббӣ ё ба фаъолияти меҳнатӣ ва хизматӣ алоқаманд либосеро пӯшида бошад, ки чеҳраро пинҳон мекунад ё шинохтани шахсро душвор месозад, иҷоза аст. Ҳамчунин, агар шахс сарпӯши махсуси барои кормандони таъминкунандаи бехатарии ҳаракат дар роҳ муқарраршуда пӯшида бошад ё нафари масъул ҳангоми баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ бошад, барои ӯ қонуни мазкур истисно муайян кардааст.

Вакилони парлумони Ӯзбекистон таъкид кардаанд, ки қабули тағйироти мазкур ба қонун ба таҳкими ҳамзистии халқҳо, таҳаммулпазирии динӣ ва ҳимояи ҳуқуқи занон ва кӯдакон, ҳамчунин тақвияти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат мекунад.

“Пас аз баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ лоиҳаи қонун аз ҷониби вакилон қабул гардид”, – менависад манбаъ.

Ҳамакнун, лоиҳаи қонун барои тасдиқ ба Сенат (палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон) фиристода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...