Дар Ӯзбекистон барои пинҳон кардани чеҳра ва таблиғи бисёрзанӣ ҷазо муқаррар карда шуд

Палатаи қонунгузори парлумони Ӯзбекистон бо қабули тағйироту иловаҳо ба қонуни дахлдор таблиғи бисёрзанӣ ва дар ҷойҳои ҷамсъиятӣ пӯшидани либосеро, ки чеҳраро пинҳон мекунад ё шинохтани шахсро душвор месозад (аз ҷумла, ҳиҷобро) манъ кард. Дар ин бора телеграм-канали Палатаи қонунгузори парлумони Ӯзбекистон иттилоъ дод. “Ҷавобгарии маъмурӣ барои мусоидат ба ҳамзистӣ бо ду ва зиёда занҳо, барои […]

Палатаи қонунгузори парлумони Ӯзбекистон бо қабули тағйироту иловаҳо ба қонуни дахлдор таблиғи бисёрзанӣ ва дар ҷойҳои ҷамсъиятӣ пӯшидани либосеро, ки чеҳраро пинҳон мекунад ё шинохтани шахсро душвор месозад (аз ҷумла, ҳиҷобро) манъ кард. Дар ин бора телеграм-канали Палатаи қонунгузори парлумони Ӯзбекистон иттилоъ дод.

“Ҷавобгарии маъмурӣ барои мусоидат ба ҳамзистӣ бо ду ва зиёда занҳо, барои ошкоро инкор кардани баробарии занон ва мардон пешбинӣ шудааст”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар қонуни мазкур оид ба навъи ҷавобгарии маъмурӣ мушаххас чизе гуфта нашудааст.

Вакилон қайд карданд, ки сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда дар Ӯзбекистон шумораи ақди никоҳ аз рӯи расму оинҳои динӣ зиёд шуда, ба ин далел, ҳолатҳои бисёрзанӣ афзоиш меёбад.

“Дар мамлакат тарғиби бисёрзанӣ ва “афзалиятҳои” он вусъат меёбад. Дар натиҷа теъдоди кӯдакони танҳо пас аз никоҳ таваллудшуда низ зиёд шудаанд”, – гуфтаанд вакилон.

Дар мавриди дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки чеҳраро пинҳон мекунад ё шинохтани шахсро душвор месозад вакилон баъзе истисноҳо пешбинӣ кардаанд. Яъне, агар шахс дар асоси дастурамалҳои тиббӣ ё ба фаъолияти меҳнатӣ ва хизматӣ алоқаманд либосеро пӯшида бошад, ки чеҳраро пинҳон мекунад ё шинохтани шахсро душвор месозад, иҷоза аст. Ҳамчунин, агар шахс сарпӯши махсуси барои кормандони таъминкунандаи бехатарии ҳаракат дар роҳ муқарраршуда пӯшида бошад ё нафари масъул ҳангоми баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ бошад, барои ӯ қонуни мазкур истисно муайян кардааст.

Вакилони парлумони Ӯзбекистон таъкид кардаанд, ки қабули тағйироти мазкур ба қонун ба таҳкими ҳамзистии халқҳо, таҳаммулпазирии динӣ ва ҳимояи ҳуқуқи занон ва кӯдакон, ҳамчунин тақвияти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат мекунад.

“Пас аз баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ лоиҳаи қонун аз ҷониби вакилон қабул гардид”, – менависад манбаъ.

Ҳамакнун, лоиҳаи қонун барои тасдиқ ба Сенат (палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон) фиристода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.