Даргузашти Акбар Адҳамов, физикдони тоҷик дар синни 67-солагӣ

Asia-Plus

Акбар Адҳамов, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика ва фарзанди нахустин директори Институти физика ва техникаи Тоҷикистон, академик Акобир Адҳамов дар синни 67-солагӣ дар пайи беморие, ки дошт дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону наздикони марҳум хабар доданд.

Акбар Адҳамов солҳои охир дар Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекард ва яке аз мутахассисони хуби соҳаи физикаи назариявӣ ба ҳисоб мерафт.

Марҳум соли 1955 дар оилаи физикдони шинохтаи тоҷик ва нахустин директори Институти физика ва техникаи Тоҷикистон Акобир Адҳамов дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Акбар Адҳамов соли 1978 факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносовро хатм карда, ҳамчун коромӯз ва аспиранти шуъбаи назарияи тазоҳуроти плазмавии Институти физика ба номи П.Н. Лебедеви Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав, ҳамзамон дар Иснтитути физика ва техникаи ба номи Султон Умаров ба ҳайси корманди Озмоишгоҳи физикаи криогеннӣ ва баъдан ҳамчун корманди калони илмии ин озмоишгоҳ то соли 2014  кор кардааст.

Ӯ соли 1987 дар Институти физикаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рисолаи номзадӣ ва соли 2002 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Соли 2007 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ташкилоти ҷамиятии «ЦИФРА» кушодааст.

Ӯро яке аз аввалин ташкилкунандагони мактаби техологияи итттилоотӣ дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон медонанд.

Аз соли 2011 ин тараф блогҳо ва чандин гурӯҳро бахшида ба пешрафти илм ва техника ва ҳамчунин тиб дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” бар уҳда дошт. Ҳамчунин, ин гуруҳҳо хазинаи бузургу бебаҳои аксҳои физикдонҳои шӯравии тоҷик ва Институти физикаю техникаро доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...