Дар Русия мехоҳанд муҳоҷиронро барои саркашӣ аз хидмат аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд. Ин қонун чӣ гуна амал хоҳад кард?

Asia-Plus

Ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонун дар бораи аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани муҳоҷироне, ки аз хидмат дар артиш саркашӣ мекунанд, пешниҳод шудааст. Мувофиқи он, шахсоне, ки ба шаҳрвандии Русия қабул шудаанд, дар сурати худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштан, инчунин саркашӣ кардан аз иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва сафарбарӣ, аз он маҳрум карда мешаванд.

Ин ба шумо чӣ гуна дахл карда метавонад?

Ин аллакай масъалаи ҳалшуда аст?

Не. Лоиҳаи қонун таҳия шуда, чанде пеш ба баррасии Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст. Акнун вакилон онро баррасӣ мекунанд ва дар сурати зарурат, онро тағйиру такмил медиҳанд.

Агар вакилони Думаи давлатӣ қабули қонунро ҷонибдорӣ кунанд, он дар Шӯрои Федератсия бояд тасдиқ шавад. Ва танҳо пас аз ин он барои имзо ба президент пешниҳод мегардад.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи қонунҳое, ки ба сафарбарӣ ба артиш дахл доранд, дар Русия хеле зуд қабул мешаванд.

Кӣ ин лоиҳаи қонунро пешниҳод кард?

Чунин қонунро барои баррасӣ вакили Думаи давлатии Русия аз Ҳизби коммунисти Русия, профессори кафедраи таърихи Русияи Донишгоҳи Самара Михаил Матвеев омода кардааст.

Михаил Матвеев бо нидои “Баталйонҳои тоҷикон куҷоянд?” суол гузошт, ки “Чаро муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар доираи сафарбарии ҷузъӣ ба минтақаи амалиёти махсус даъват намешаванд?”

Қаблан ин мансабдор гуфта буд, ки дар мӯҳлати муқарраркардаи қонуни Русия ба қайди ҳарбӣ нагузоштани худ ва инчунин саркашӣ аз иҷрои ӯҳдадориҳои ҳарбӣ, метавонад ба маҳрум шудан аз шаҳрвандии гирифташуда сабаб шавад.

Матвеев дар ҳайрат буд, ки чаро муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар доираи қисман сафарбарӣ ба минтақаи амалиёти махсус даъват нашудаанд.

Ба ақидаи ӯ, ҳамаи ин ба душаҳрвандӣ марбут аст, бинобар ин, меъёри қонунро ислоҳ кардан лозим аст.

“Бар ин назарам, ки дар ин ҳолат аъзои хонаводаи муҳоҷир, ки дар робита ба дарёфти шаҳрвандии Русия аз ҷониби ин шахс қаблан онро гирифтаанд, низ бояд аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд”, – навишта буд Матвеев.

Матни дақиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда чӣ гуна аст?

Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба моддаи 22-и Қонуни федералӣ “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия” пешбинӣ шудааст. Дар ин модда асосҳои рад шудани додани шаҳрвандӣ зикр шудааст.  Айни замон ин асосҳо чунинанд:

– пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ (сохта) ё дидаву дониста маълумоти бардурӯғ додан;

– дарёфти шаҳрвандӣ бо мақсади анҷоми амалиёте, ки ба асосҳои сохти конститутсионии Русия хатарноканд.

Акнун ба ин ҷо асоси сеюм ҳам илова шуда метавонад:

– содир гардидани амалҳои саркашӣ аз ҷониби шахси ба шаҳрвандии Русия қабулшуда дар иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ, сафарбарӣ, аз ҷумла риоя накардани муҳлатҳои ба қайди ҳарбӣ гузоштан.

Яъне шуморо натанҳо дар сурати саркашӣ кардан аз иҷрои уҳдадории ҳарбӣ, балки дар ҳолати сари вақт ба қайди ҳарбӣ нагузоштан (дар муддати ду ҳафта аз рӯзи дарёфти шаҳрвандӣ)  аз шаҳрвандӣ маҳрум карда метавонанд.

Бо матни пурра лоиҳаи қонуни мазкур дар пойгоҳи маълумоти Думаи давлатӣ шинос шудан мумкин аст.

Ин тағйироту иловаҳо танҳо ба касоне, ки шаҳрвандиро аз рӯйи ҷойи таваллуд гирифтаанд, дахл мекунад?

Не. Тағйироту иловаҳо танҳо ба шахсоне дахл хоҳад дошт, ки дар бораи гиифтани шаҳрвандии Русия ариза додаанд, яъне касоне, ки шаҳрвандии дарёфтшуда доранд. Агар шумо аз рӯйи ҷойи таваллуд шаҳрвандӣ гирифта бошед, пас барои саркашӣ аз сафарбарӣ ба артиш шуморо метавонанд аз шаҳрвандӣ маҳрум накунанд.

Аз шаҳрвандӣ танҳо дар сурати саркашӣ аз сафарбарӣ маҳрум карда метавонанд? Дар хидмати ҳарбии “маъмулӣ” низ?

Агар шумо аз хидмат дар артиш, аз ҷумла сафарбарӣ, хидмати ҳарбии мулкӣ (шаҳрвандӣ) ё алтернативӣ бидуни иштирок дар ҷанги Украина саркашӣ кунед, дар ҳама гуна ҳолат, аз шаҳрвандӣ маҳрум карда мешавед.

Сабабу мақсадҳои қабули тағйироту иловаҳоро чӣ гуна шарҳ медиҳанд?

Якҷоя бо лоиҳаи қонун дар сомонаи Думаи давлатӣ шарҳу тавзеҳи он нашр шудааст. Дар он вакили парлумон зикр кардааст, ки аксар вақт шаҳрвандони хориҷӣ, ки шаҳрвандии Федератсияи Русияро мегиранд, ин ӯҳдадориро сарфи назар намуда, худро ба қайди ҳарбӣ намегузоранд.

“Вазъияте ба миён меояд, ки шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандии Русияро қабул карда, нияти иҷрои уҳдадориҳои барои шаҳрвандони кишвар муқарраршуда, аз ҷумла ӯҳдадории ҳарбиро надоранд, дар баробари ин, дар шакли кафолатҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба системаи маориф ва тандурустӣ ва ғайра ҳуқуқҳо пайдо мекунанд», — гуфта мешавад дар шарҳ.

Вакили парлумон таъкид мекунад, ки бахусус ин барои шахсоне муҳиму рӯзмарра аст, ки дар давраи баргузории “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ба шаҳрвандии Русия қабул шудаанд”.

Ҳамчунин дар шарҳу тавзеҳот гуфта мешавад, соли 2022 зиёда аз 691 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ки қисмати зиёди онро сокинони Тоҷикистон (173,6 ҳазор нафар) ташкил медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...