Коҳиши назарраси интиқоли маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Афғонистон дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 56,5 млн долларро ташкил додааст, ки 17,9% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори кишвар. Давоми моҳҳои январ-июли соли гузашта ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 68,6 млн долларро ташкил дода буд. Зиёда аз 98% аз ҳаҷми […]

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Афғонистон дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 56,5 млн долларро ташкил додааст, ки 17,9% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори кишвар.

Давоми моҳҳои январ-июли соли гузашта ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 68,6 млн долларро ташкил дода буд.

Зиёда аз 98% аз ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон ба мисли солҳои пешин ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо соли гузашта имсол интиқоли молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба андозаи 16,5% – аз 66,7 млн доллар то ба 55,7 млн доллар кам шуд.

Бо вуҷуди ин, Афғонистон яке аз бозорҳои асосии фурӯши молу маҳсулоти Тоҷикистон боқӣ монда, аз рӯи ин нишондиҳанда танҳо аз Қазоқистону Чин, Туркия, Русия ва Ӯзбекистон қафо мемонад.

Ҳиссаи Афғонистон дар ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли равон аз 4,9% дар ҳамин давраи соли гузашта то 7,3% зиёд шудааст.

Ин чунин маънидод мешавад, ки ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст: аз қариб 1,4 млрд доллар то 767 млн доллар.

Маҳсулоти асосие, ки Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол медиҳад, неруи барқ аст. Ҳамчунин ба кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми начандон зиёд баъзе навъҳои масолеҳи сохтмон, дар навбати аввал семент ва маҳсулоти хӯрокворӣ интиқол дода мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.