Додситонии кул бо нашри навор аз зинда будани Акбар Аҳмадов хабар дод

Asia-Plus

Дар наворе, ки дирӯз, 6-уми сентябр, дар шабакаи YouTube нашр гардид, нафаре худро Акбар Аҳмадов (Ахмедов), ба қавли Додситонии кулли Тоҷикистон, гумонбари рабудану куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”, муаррифӣ карда, зикр менамояд, ки зинда аст ва дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Ӯ мегӯяд, пас аз содир кардани ҷиноят ба Маскав фирор карда, баъдан ба хулосае омадааст, ки бо хоҳиши худ баргашта, ба мақомот таслим шавад ва аз рӯзи аввал бо вакили дифоъ таъмин мебошад.

“Ҳоло дар СИЗО қарор дорам, сиҳату саломат ҳастам. Шикоят надорам. Чанд бор мешавад, ки бо падару модар ва оилаи худ вомехӯрам”, – мегӯяд ин нафар.

Дар навори дигар, ки он ҳам дирӯз дар шабакаи YouTube нашр шуд, зане худро модари Акбар Аҳмадов муаррифӣ карда, аз нашри хабари марги писараш шикоят мекунад.

Ин зан мегӯяд, нашри хабари марги писараш ӯ ва хешовандонашро нигарон кардааст.

Санҷиши навор ва таҳқиқи санаву макони сабти он тавассути манобеи дигар айни замон имконпазир нест.

Қаблан, 3-юми сентябр, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишта буд, ки Акбар Аҳмадов пас аз боздошти модараш аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба ватан баргашта, худро ба мақомот таслим кард ва пас аз чанд рӯз “ӯро вақти пурсиш сахт шиканҷа кардаанд, то ба суолҳо посух диҳад, аммо ӯ ба ин ҳама “тоб наоварда, фавтид”.

Дирӯз, 5-уми сентябр, Додситонии кулли Тоҷикистон хабари марги Акбар Аҳмадовро расман рад карда, гуфт, ки ӯ “дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад”.

Тибқи иттилои пештар нашркардаи Додситонии кулли кишвар, Акбар Аҳмадов пас аз содир кардани ҷиноят, яъне рабудану куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбок” ба Русия фирор карда буд.

Бояд гуфт, ки Акбар Аҳмадов яке аз гумонбарони рабудану куштори Шуҳрат Исматуллоев дониста мешавад, ки ба иттилои мақомоти тоҷик, шомили гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ будааст. Роҳбарии ин гуруҳи ҷиноиро Дилшод Саидмуродов ё “Дилшоди СБ” ба уҳда доштааст, ки тибқи иттилои мақомти Тоҷикистон ба Русия фирор кардааст.

Чанде пештар дафтари матбуоти ВКД-и Русия хабар дод, ки ду гумонбари куштори бонкир дар ин кишвар боздошт шудаанд. Дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ба Маскав барои мулоқот бо ҳамтои русаш рафтааст ва “масъалаи дастгир кардани Дилшод Саидмуродовро дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев ба миён хоҳад гузошт”.

Моҳи гузашта Додситонии кулли кишвар аз боздошту истирдоди як нафар гумонбари дигари рабудани қатли Шуҳрат Исматуллоев бо номи Бахтовар Сафарови 28-сола аз Туркия хабар дода буд.

Он замон Додситонии кулл навишт, ки дар умум 13 аъзои гуруҳи ҷиноятӣ, ки дар қазияи рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доштанд, дастгир шудаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки қаблан Рустам Ашӯров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рабудани куштори Шуҳрат Исматуллоев гумонбар мешуд, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова як марзбон ва як афсари амниятро ҳадафи тир қарор дода, чанд нафарро захмӣ кард ва дар ҷараёни амалиёти безараргардонӣ захмӣ шуда ба беморхона интиқол ёфт. Чанде пас ӯ даргузашт.

Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев 23-уми июни соли 2023 дар маркази пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рабуда шуд. Баъдтар Додситонии куллии кишвар иттилоъ дод, ки Шуҳрат Исматуллоевро як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабудааст ва дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.” Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Пас аз беш аз як моҳи ҷустуҷӯ, Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотии ахир гуфт, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 13-уми август дарёфт ва шахсияти ӯро баъди ташхиси дандонҳояш муайян кардаанд. Бонкирро 30-юми август ба хок супориданд ва мақомот нагузоштанд рӯзноманигорон аз маросими видоъ гузориш пахш кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...