Котибаи додраси собиқ, ки бо судури “ҳукмҳои сафед” машҳур буд, ба озодӣ баромадааст

Asia-Plus

Азиза Ҳайдарова, котибаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси собиқи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба гуноҳи қаллобӣ 10 сол зиндон шуда буд, бо пардохти ҷуброни зарар ва татбиқи қонуни авф баъди 9 моҳи ҳабс ба озодӣ баромадааст.

Дар ин бора худи Азиза Ҳайдарова ба Радиои Озодӣ хабар дода, гуфтааст, “аз баҳри як манзили баҳсӣ, ки сабаби боздошт шуданам гардида буд, гузаштам”.

Ӯ афзудааст, ки ҳафтаи гузашта аз маҳбас ба хона баргашт ва аз вазъи саломатӣ шикоят надорад.

“Талаби даъвогарро қонеъ кардам. Ҳарчанд хонаро модарам бо пуле харида буд, ки дар муҳоҷират ба даст овардааст, ба даъвогарон додам. Пас аз он нисбат ба ман қонуни афв татбиқ карда шуд. Ҳоло дар Хуҷанд ҳастам”, – зикр кардааст Азиза Ҳайдарова.

Номбурда дар робита ба қазияи боздошту зиндонӣ шуданаш, ҳамчунин парвандаи Рустам Саидаҳмадзода, ки гуфта мешуд, ӯро маҷбур кардаанд, ки бар зидди додраси собиқ баёнот диҳад, ҷузъиёт надодааст ва танҳо гуфтааст, “то замони интиқол ба маҳбаси Норак дар боздоштгоҳ фишори зиёд меоварданд, ки ба хости муфаттиш ҳарф занам”.

Қаблан, Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова ба Радиои Озодӣ  гуфта буд, ки “духтарашро маҷбур кардаанд ба зидди Рустам Саидаҳмадзода баёнот диҳад ва баҳси хона танҳо баҳона аст".

Моҳи декабри соли гузашта, Азиза Ҳайдароваи 23-сола бо “қаллобӣ”, “исрофкорӣ” ва “сохтакории далелҳо” гунаҳкор дониста шуда, 10 сол равонаи зиндон шуда буд.

Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо судури “ҳукмҳои сафед”-аш маъруф буд, дар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ 6,5 сол равонаи зиндон гардид. Дертар Додгоҳи олӣ аз ин ҳукм 1,5 солашро кам кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...