Котибаи додраси пешин ба 10 сол зиндон маҳкум шуд

Азиза Ҳайдарова, котибаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо “ҳукмҳои сафед”-аш маъруф буда, ҳоло дар боздошт қарор дорад, ба даҳ сол зиндон маҳкум карданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад. Азиза Ҳайдароваи 23-сола ба “қаллобӣ”, “исрофкорӣ” ва “сохтакории далелҳо” гунаҳкор шудааст, аммо худаш ҳукмро ноодилона хондааст. Муҳокимаи Азиза Ҳайдарова дар бинои […]

Азиза Ҳайдарова, котибаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо “ҳукмҳои сафед”-аш маъруф буда, ҳоло дар боздошт қарор дорад, ба даҳ сол зиндон маҳкум карданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Азиза Ҳайдароваи 23-сола ба “қаллобӣ”, “исрофкорӣ” ва “сохтакории далелҳо” гунаҳкор шудааст, аммо худаш ҳукмро ноодилона хондааст.

Муҳокимаи Азиза Ҳайдарова дар бинои Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, аммо зери раёсати додраси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гузашт, менависад ин расона.

Ҳукми Азиза Ҳайдарова 26-уми декабри соли 2022 эълон шуда, ба қавли пайвандонаш, худи ӯ хулосаи додрасро напазируфтааст ва бозбинии ҳукмашро талаб кардааст.

“Додрас баъзе аз ҷанбаҳоро ба инобат гирифт ва чунин ҳукм содир кард. Пештар додситон барояш 14 сол зиндон хоста буд”, – менависад Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ.

Ёдовар мешавем, ки Азиза Ҳайдарова, котибаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 10-уми июни соли гузашта ба гумони қаллобӣ дастгир шуд ва бо гузашти чанде ба “исрофкорӣ” ва “сохтакории далелҳо” низ муттаҳам гардид.

Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова, ба Радиои Озодӣ қаблан гуфта буд, сухан дар бораи хонае дар шаҳри Хуҷанд меравад, ки  се сол пеш бо пули дар Русия ба даст овардааш харид, аммо мақомот онро ҳосили қаллобии Азиза Ҳайдарова медонанд.

Ӯ гуфта буд, ки муфаттишон духтарашро ба зидди Рустам Саидаҳмадзода, додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истифода карданӣ ҳастанд ва баҳси хона як баҳона аст.

Рустам Саидаҳмадзода рӯзи 29-уми июни соли гузашта дастгир шуда, ба “додани хабари дурӯғ” ва “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” гумонбар аст. Номи ӯ ду сол пеш ва пас аз он ки як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард, дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Гуфтан ба маврид аст, ки эълони бегуноҳии гумонбар дар мурофиаи судӣ аз ҷониби додрасҳо дар Тоҷикистон як ҳодисаи нодир дониста мешавад ва дар аксар ҳолат, додрасҳо талаби додситонро бо андак сабукӣ қонеъ мегардонанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъоланд. Дар бештар аз даҳ соли охир зиёда аз сӣ нафар ба иттиҳоми “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.