Муфтии Ӯзбекистон бурқаву либоси сиёҳи занонро интиқод кардааст

centralasian.org

Раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, муфтии ин кишвар шайх Нуриддин Холиқназаров дар робита ба бурқапӯшии занон изҳори назар кардааст.

Дар видеое, ки хадамоти матбуотии идора нашр кард, ӯ мегӯяд, Ислом аз зан талаб накардааст, ки рӯяшро пура пӯшонад ё либоси сиёҳ ба бар кунад.

“Мо дар иҷрои фарҳанги пӯшидани либоси мазҳабӣ аз ҳад зиёд кӯшидаем. Мазҳаби мо ба занон амр намекунад, ки рӯяшонро пӯшонанд. Дар дини мо зебоӣ ва дурӣ ҷустан аз зиёдаравӣ тавсия шудааст”, – изҳор доштааст муфтии Ӯзбекистон.

Холиқназаров дар мавриди меъёрҳои пӯшидани либос изҳор дошта, ки “ҳар як миллат анъана ва либоси хоси худро дорад”.

“Талаб нашудааст, ки мусулмонон бояд либоси муайян дошта бошанд. Ислом ба тамоми башарият фиристода шудааст. Арабҳо либоси худро ва туркҳо либоси худро доранд. Мусулмонон дар Индонезияву Малайзия либоси худро ва ӯзбекҳо либоси худро мепӯшанд”, – афзудааст вай.

Бояд гуфт, ки ин изҳороти муфтии Ӯзбекистон чанд рӯз пас аз қабули қонун дар бораи манъи пӯшонидани рӯй дар ҷойҳои ҷамъиятӣ расонаӣ мешавад.

Қаблан, палатаи қонунгузори Ӯзбекистон лоиҳаи қонунеро тасвиб кард ва он барои пӯшонидани рӯй, ки имкон намедиҳад шахс шинохта шавад, ҷарима пешбинӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...