Муфтии Ӯзбекистон бурқаву либоси сиёҳи занонро интиқод кардааст

Раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, муфтии ин кишвар шайх Нуриддин Холиқназаров дар робита ба бурқапӯшии занон изҳори назар кардааст. Дар видеое, ки хадамоти матбуотии идора нашр кард, ӯ мегӯяд, Ислом аз зан талаб накардааст, ки рӯяшро пура пӯшонад ё либоси сиёҳ ба бар кунад. “Мо дар иҷрои фарҳанги пӯшидани либоси мазҳабӣ аз ҳад зиёд кӯшидаем. Мазҳаби […]

centralasian.org

Раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, муфтии ин кишвар шайх Нуриддин Холиқназаров дар робита ба бурқапӯшии занон изҳори назар кардааст.

Дар видеое, ки хадамоти матбуотии идора нашр кард, ӯ мегӯяд, Ислом аз зан талаб накардааст, ки рӯяшро пура пӯшонад ё либоси сиёҳ ба бар кунад.

“Мо дар иҷрои фарҳанги пӯшидани либоси мазҳабӣ аз ҳад зиёд кӯшидаем. Мазҳаби мо ба занон амр намекунад, ки рӯяшонро пӯшонанд. Дар дини мо зебоӣ ва дурӣ ҷустан аз зиёдаравӣ тавсия шудааст”, – изҳор доштааст муфтии Ӯзбекистон.

Холиқназаров дар мавриди меъёрҳои пӯшидани либос изҳор дошта, ки “ҳар як миллат анъана ва либоси хоси худро дорад”.

“Талаб нашудааст, ки мусулмонон бояд либоси муайян дошта бошанд. Ислом ба тамоми башарият фиристода шудааст. Арабҳо либоси худро ва туркҳо либоси худро доранд. Мусулмонон дар Индонезияву Малайзия либоси худро ва ӯзбекҳо либоси худро мепӯшанд”, – афзудааст вай.

Бояд гуфт, ки ин изҳороти муфтии Ӯзбекистон чанд рӯз пас аз қабули қонун дар бораи манъи пӯшонидани рӯй дар ҷойҳои ҷамъиятӣ расонаӣ мешавад.

Қаблан, палатаи қонунгузори Ӯзбекистон лоиҳаи қонунеро тасвиб кард ва он барои пӯшонидани рӯй, ки имкон намедиҳад шахс шинохта шавад, ҷарима пешбинӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.