Дар Вохӯрии Душанбе сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ пешниҳодҳо карданд?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе маҷмӯи васеи масоили муҳими муносибатҳои мутақобила дар доираи минтақа, дурнамои густариши ҳамкориҳо баҳри таъмини рушди устувори иқтисод, таҳкими асосҳои муносибатҳои ҳамҷаворӣ, рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд.

Аз ҷумла сарони кишварҳо атрофи масоили густариши ҳамкории гуногунҷанба дар соҳаи рушди муколамаи сиёсӣ дар минтақа, пешбурл ва татбиқи барнома ва лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, нақлиёту энергетика, бахшҳои кишоварзӣ ва экология, тақвияти табодулҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин вокуниш ба таҳдиду хатарҳои муосир дар соҳаи амният табодули назар карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ санадҳои зерин ба имзо расиданд:

– Изҳороти муштараки сарони кишвраҳои Осиёи Марказӣ;

– Созишнома дар бораи самтҳои умумии сиёсати ҷавонон;

– Созишнома оид ба таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ.

Сарони кишварҳо чӣ гуна пешниҳодҳо карданд?

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

1. Барномаҳои алоҳидаи рушди соҳаҳо

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар бахши кишоварзӣ ва соҳаи саноат, инчунин фаъолона ҷорӣ намудани технологияҳои нав барномаҳои алоҳидаи ҳамкории кишвраҳои Осиёи Марказӣ таҳия карда шавад.

2. Консепсияи марказҳои логистикии кишварҳои минтақа

Сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки бо мақсади ба даст овардани самараи хуб аз рушди ҳамлу нақли байнулмилалӣ консепсияи ҳамгироии марказҳои логистикии кишварҳои минтақа таҳия карда шавад.

3. Анҷумани ВАО-и Осиёи Марказӣ

Барои ташаккули фазои иттилоотии дӯстии ҳақиқӣ ва ҳамкорӣ, ки на ба тахмину овоза, балки ба далелҳои воқеӣ асос ёфтааст, президенти Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Анҷумани воситаҳои ахбори умумии давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.

Қосим-Жомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон

1. Муколама оид ба масоили амният

Сарвари давлати Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев пешниҳод намуд, ки соли 2024 дар Қазоқистон Муколама оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ дар сатҳи котибони Шӯрои амният баргузор карда шавад.

2. Таъсиси Махзани ягонаи электронии истеҳсолкунандагони молу маҳсулот барои роҳандозии робитаҳои мустқим байни субъектҳои хоҷагидорӣ дар чаҳорчӯби портали Central Asia Gateway.

3. Таҳияи Нақшаи амал оид ба рушди ҳамкориҳои саноатӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади роҳандозии истеҳсоли силсилаи алоҳидаи навъи молу маҳсулот бо дурнамои ба бозорҳои кишварҳои сеюм баровардани онҳо.

4. Таъсиси Шбакаи умумии телевизионии Осиёи Марказӣ ё сомонаи иттилоотӣ дар интернет баҳри қонеъ сохтани талаботи аҳолии минтақа ҷиҳати дастрасӣ ба маълумоти муътамад оид ба рӯйдодҳо дар минтақа.

5. Форуми таърихшиносон

Тоқаев пешниҳод кард, ки барои таҳқиқоти муштарак ва нашри пажуҳишҳои гуногуни илмӣ Форуми 1-уми таърихшиносони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардад.

Сардор Бердимуҳаммедов, президенти Туркманистон

1. Таъсиси Падаитаи ягонаи савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳри ҳамоҳангсозии иқдомоти кишварҳои минтақа дар рушди тиҷорат, таъмини манфиатҳои ҳамаи субъектҳои имконпазири иқтисодӣ, ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ.

2. Таъсиси Шӯрои кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба технологияҳои нав бо мақсади ташаккули стратегияи муттаҳидаи давлатҳо дар ин самт, таҳияи тавсияҳо ва пешниҳодҳои мушаххас оид ба рушди ин соҳа.

3. Роҳандозии Муколамаи энергетикии кишвраҳои ОМ барои ҳамкории пурсамари кишварҳои минтақа дар ин самт.

4. Пешниҳоди таъсиси Маркази минтақавӣ оид ба технологияҳои марбут ба масоили тағйирёӣбии иқлим дар Осиёи Марказӣ дар Ашқобод.

Садир Жапаров, президенти Қирғизистон

1. Пешниҳоди соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва роҳандозии шабакаҳои нақлиётӣ ва логистикии пурсамар барои беҳбуди кори ҳамлу нақли молу маҳсулот тариқи сарҳадҳои Осиёи Марказӣ

2. Ҷалби сармоягузории давлатӣ ва хусусӣ ба соҳаи истифодаи об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати қабули қарорҳои мушаххасу пурсамар дар ин самт.

3. Жапаров пешниҳод намуд, ки барои истифодаи оқилонаи захираҳои об ва энергетика дар Бишкек Маркази минтақавӣ оид ба ҷорисозии технологияҳои пурсамари энергетикӣ таъсис дода шавад.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон

1. Рушди ҳамкории саноатӣ ва таъсиси Шӯрои иқтисодӣ бо мақсади густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ.

2. Созишнома дар бораи нақлиёт ва транзит, роҳандозии механизмҳои мушаххаси пешбурди долонҳои нақлиётӣ барои роҳ ёфтан ба бозорҳои Чин, кишвраҳои Осиёи Ҷанубӣ, Ховари Миёна ва Иттиҳоди Аврупо бо истифода аз тарифҳои қобили қабул барои тиҷорат.

3. Таҳияи Стратегия оид ба масоили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таъсиси платформаи бисёрҷонибаи “Муколама оид ба иқлими кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирони экология.

4. Таъсиси платформаи расонаҳои “Таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ: як гузашта ва ояндаи умумӣ” бо ҷалби олимон ва намояндагони ҷомеа баҳри ташаккули муҳтавои умумии минтақавӣ.

Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон

1. Истифодаи имконоти Озарбойҷон аз ҷониби кишварҳои минтақа дар соҳаи нақлиёт ва логистика ва ҳамчун кишвари транзитӣ дар роҳ ба сӯи бозорҳои Туркия ва Аврупо.

2. Лоиҳаи “Роҳи Абрешими рақамӣ” бо мақсади ташкили долони оптикӣ байни Аврупо ва Осиё, таъсиси Маркази додаҳо (DATA-Марказ)-и бузургтарин дар минтақа ва кумак ба кишварҳои ҳамсоя дар соҳаи хидматрасониҳои рақамӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...