Ҷанҷолу занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Красногорск

Дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав бо иштироки шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷанҷолу занозании гурӯҳӣ рух дод. Дар ин бора Telegram-канали Mash хабар медиҳад. “13 шаҳрванди Ӯзбакистон бо истифода аз бартарии шумораи худ 5 шаҳрванди Қирғизистон ва 4 шаҳрванди Тоҷикистонро ба қафо тела дода мебаранд. Кормандони пулис саривақт ба ҷойи ҳодиса расида, издиҳомро маҷбур кард, […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав бо иштироки шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷанҷолу занозании гурӯҳӣ рух дод. Дар ин бора Telegram-канали Mash хабар медиҳад.

“13 шаҳрванди Ӯзбакистон бо истифода аз бартарии шумораи худ 5 шаҳрванди Қирғизистон ва 4 шаҳрванди Тоҷикистонро ба қафо тела дода мебаранд. Кормандони пулис саривақт ба ҷойи ҳодиса расида, издиҳомро маҷбур кард, ки пароканда шаванд ва лозим омад, ки онҳо дар байни хонаҳои истиқоматӣ дастгир карда шаванд”, – менависад ин шабака.

Ба иттилои Mash, мардон аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Тоҷикистон дар корхонаҳои ба ҳам наздики Красногорск машғули кор буда, байни онҳо доимо баҳсу муноқишаҳо сар мезанад. Ин дафъа дар назди сохтмони назди таваққуфгоҳ муноқишаи лафзӣ ба занозании гурӯҳӣ бо иштироки 22 нафар табдил ёфтааст.

Зикр мешавад, ки қаблан дар деҳаи Илинское-Усовои ҳавзаи шаҳрии Красногорск низ 16 муҳоҷир барои ҷанҷоли гурӯҳӣ боздошт шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.