Талоши убури марз ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир. Ҳушдору пешниҳоди сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми сентябр дар Вохурии панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъи башардӯстона дар Афғонистон шароити мусоиди иҷтимоию иқтисодӣ ва барои интиқоли борҳои башардӯстона ба ин кишвар замина фароҳам меорад.

“Дар баробари ин, мо афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои гуногуни террористӣ дар Афғонистонро эҳсос мекунем. Солҳои охир мо ба кӯшишҳои рахна ва убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни террористӣ дучор шудаем. Чанде пеш мо аз ду кӯшиши рахна кардани сарҳад пешгирӣ кардем. Онҳо анҷоми як силсила амалҳои террористӣ дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистонро ҳадаф қарор дода буданд”, – гуфт ӯ.

Ӯ қайд кард, ки ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир низ афзоиш меёбад.

“Рақамҳо равшан тасдиқ мекунанд. Соли гузашта танҳо мақомоти салоҳиятдори кишвари мо дар марз бо Афғонистон ҳудуди 5 тонна маводи мухаддирро мусодира карданд. Ин нисбат ба соли 2021 22 дарсад зиёд аст. Дар ин шароит мо бояд якҷо ва дастаҷамъона кор кунем”, – гуфт ӯ ба сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки омили амният муҳимтарин шарти татбиқи бомуваффақияти нақшаву тааҳҳудоти муштараки созанда аст.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки барномаи ҳифзи марзҳои Осиёи Марказӣ таҳия шавад.

“Мо пешниҳод мекунем, ки ба таҳияи барномаи байнидавлатӣ оид ба ҳифз ва таҳкими сарҳадҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ кунем”, – гуфт раиси ҷумҳури Ӯзбекистон.

Ба гуфтаи ӯ, идомаи машқҳои муштарак барои санҷиши сенарияҳо ва муқовимат бо таҳдидҳои анъанавӣ ва нави амниятӣ муҳим аст.

“Мо зарур мешуморем, ки системаи минтақавии пешгӯй, огоҳии барвақт ва вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулода ташкил карда шавад. Вазъ дар Афғонистон яке аз омилҳои калидӣ боқӣ мемонад, ки бевосита ба амният ва субот таъсир мерасонад”, – таъкид кард Мирзиёев.

Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон афзуд, ки муколамаи доимӣ ва ошкоро бо мақомоти кунунии Афғонистон ва ҳамгироии ин кишвар ба кишварҳои иқтисодии минтақа ниҳоят муҳим аст.

“Ӯзбекистон ният дорад, ки ба мардуми Афғонистон кӯмаки зарурӣ расонад”, – гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки Вохурии панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор гардид ва дар он ҳамаи роҳбарони давлатҳои минтақа иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...