Муаррифии маҳсулоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Намоишгоҳи Душанбе

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон, Туркманистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷон рӯзи 14 сентябр аз Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ боздид намуданд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар толори маҳсулоти саноатии Тоҷикистон, ки 2310 метри мураббаъро ташкил медиҳад, беш аз 150 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ иштирок намуда, номгӯи зиёди маҳсулоти ватаниро муаррифӣ карданд. Аз ҷумла дар […]

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон, Туркманистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷон рӯзи 14 сентябр аз Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ боздид намуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар толори маҳсулоти саноатии Тоҷикистон, ки 2310 метри мураббаъро ташкил медиҳад, беш аз 150 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ иштирок намуда, номгӯи зиёди маҳсулоти ватаниро муаррифӣ карданд.

Аз ҷумла дар ин толор намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ, саноати сабук, саноати мошинсозӣ, саноати кӯҳӣ, канданиҳои фоиданок, энергетика, технологияи иттилоотӣ (IT), кишоварзӣ ва ғайра маҳсулоти хешро муаррифӣ намуданд.

Сарони давлатҳо ба захираҳои табиии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дарёфти роҳҳои нави истихроҷ ва истифодаи самараноку оқилонаи онҳоро муҳим шумориданд.

Дар гӯшаи алоҳида захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ба таври маҷозӣ ҷараёни корҳои сохтмониро дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” тамошо карданд.

Дар ҳамин толор электробуси тамғаи “Акия Ултро”, ки истеҳсоли ширкати “Акия Авесто”-и Тоҷикистон мебошад, муаррифӣ карда шуд. Фаъолияти ин ширкат дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, самти он ба банду баст ва истеҳсоли автобус ва тролейбусҳои замонавӣ равона гардидааст.

Дар қисми дигари толор бо истифода аз оби табиӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”- солҳои 2018-2028” шаршара сохта шудааст.

Сипас сарони давлатҳо ва меҳмонон ба толори дигар гузашта, аз намоишгоҳи молу маҳсулоти саноатии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон боздиднамуданд.

Масоҳати умумии толори мазкур 1815 метри мураббаъро ташкил дода, дар гӯшаҳои алоҳида, коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли ин кишварҳо маҳсулоти саноати сабук, техникаи маишӣ, таҷҳизоти инноватсионӣ, нассоҷӣ мошинсозӣ, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайраро муаррифӣ карданд.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев зимни боздид аз гӯшаи кишвараш ба Эмомалӣ Раҳмон аз номи Қазоқистон ба мардуми тоҷик тӯҳфа дод.

Ин як автобуси мактабӣ ва 3 маҷмӯи дастгоҳи VibroLUNG (он шушҳоро бо мавҷи виброакустикӣ табобат мекунад), хабар медиҳанд расонаҳои Қазоқистон.

Қобили зикр аст, ки Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе то 16 сентябр идома ёфта, сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд аз ин намоишгоҳ озодона боздид кунанд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.