Завқизода: “Дар 20 сол ММД-и минтақаи Осиёи Марказӣ 7 маротиба зиёд шуд”

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи 14 сентябр дар мавзӯи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Тавре ки дар сомонаи расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар дода мешавад, вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни суханрониаш таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои ҳаматарафа бо кишварҳои Осиёи […]

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи 14 сентябр дар мавзӯи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Тавре ки дар сомонаи расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар дода мешавад, вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни суханрониаш таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои ҳаматарафа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла савдо, саноат, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аҳамияти афзалиятнок медиҳад.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и минтақаи Осиёи Марказӣ дар 20 соли охир 7 маротиба зиёд шуда, рушди иқтисодии миёнасолонаи он дар сатҳи 6,2 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба рушди иқтисоди глобалӣ (2,6) 3,6 банди фоизӣ зиёд мебошад.

“Ҳиссаи Осиёи Марказӣ дар ММД-и ҷаҳонӣ 1,8 маротиба, гардиши савдои хориҷӣ 6 маротиба, ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ дар минтақа 17 маротиба ва гардиши савдои хориҷии молу маҳсулоти кишварҳои Осиёи Марказӣ 6 маротиба афзоиш ёфтаанд”, – иброз дошт вазир.

Завқизода ҳамчунин зикр кард, ки дар соли 2022 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба соли 2021-ум 23 фоиз афзуда, ҳиссаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Тоҷикистон 28,2 фоизро ташкил медиҳад.

Зикр шуд, ки шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба ҳисоб мераванд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисодиёт таҳия намуда, дар самтҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак амалӣ менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки савдои рақамӣ 20 фоизи тиҷорати ҷаҳониро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони соҳа он то соли 2025 то 25 фоиз афзоиш меёбад.

Қобили зикр аст, ки ин форум дар доираи чорабиниҳои  Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки дирӯз, 14 сентябр оғоз гардида, имрӯз идома меёбанд, баргузор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.