“Манъи ирсоли паёми “Ҷумъа муборак!”. Кумитаи дин гуфт, хабари “фейк” ва иғвобарангез аст

Asia-Plus

Мусулмонони Тоҷикистон метавонанд дар рӯзи ҷумъа ба ҳамдигар паёми табрикотӣ фиристанд ва дар ин робита ба қонунгузории кишвар тағйирот ворид нашудаву муҷозот пешбинӣ нагардидааст. Ҳамин тавр, паёмҳои савтӣ бо мазмуни “манъи табрикот бо рӯзи ҷумъа”, ки чанд рӯзи охир дар паёмрасонҳо паҳн шуданд, заминаи қонунӣ надоранд. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Афшини Муқим гуфт, дар робита ба ирсолу бознашри паёмҳое дар мисоли “ҷумъа муборак” ва монанди он дастуру меъёри махсус таҳияву қабул нашудааст.

“Ин гуна паёмҳо ягон асоси қонунӣ надоранд ва онро нафарони иғвоангез байни ҷомеа паҳн кардаанд. Бо мазмуни мазкур дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гуна тағйирот ворид нагардидааст”, – таъкид кард ҳамсӯҳбати мо.

Бояд гуфт, ки чанд рӯз инҷониб дар паёмрасонҳо сабтҳои аудиоие ба гардиш даромаданд, ки гӯё дар Тоҷикистон барои ирсолу бознашри паёмҳое дар мисоли “ҷумъа муборак” ва монанди он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян гардидааст.

Аз ҷумла, як мард бо ирсоли паём ба дӯстону хошовандонаш гуфтааст, ки “ба рӯзи саиди ҷумъа табрик кардан дигар манъ шудааст ва ду сол “статя” (ҷазо ё ҳукми зиндон дар назар аст, – муаллиф) дорад”.

Ба ин монанд, як зан пайоми овозӣ паҳн кардааст, ки гӯё дар ҷои кораш аз ӯ дар хусуси табрикот бо рӯзи ҷумъа баёнот гирифтаанд ва огоҳӣ додаанд, ки дигар дӯстону наздиконашро ба ин рӯз таҳният нагӯяд.

“Қонунаш баромадааст. Дигар дар Ватсапу Имо ҳамдигарро “Ҷумъаи саид муборак!” гуфта табрик накунед. Қоғазҳоро оварда ба мо фаҳмонданд ва дар зераш имзо мондем”, – гуфтааст он зан, ки шахсияташ номаълум аст.

Нашри ин гуна паёмҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳоеро ба миён оварда ва ҷомеаро сахт нигарон кардааст. Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо имрӯз шаҳрвандон дастикам ин гуна 5 паёми овозиро ба масъулини Кумита равон кардаанд ва пурсон шудаанд, ки воқеият дорад ва ё хайр.

Афшин Муқим таъкид мекунад, ки хабари мазкур комилан беасос аст.

Эҳтимол аст, чунин хабарҳо дар пайи бархӯрдҳои ниҳодҳои давлатии кишвар бо масоили динӣ паҳн шуда бошад. Зеро дар як даҳсолаи ахир ба масҷид рафтани кӯдакони то синни 18-сола манъ шуда, маъракаи зидди риши мардону сатри занон роҳандозӣ гардид ва сокинонро бисёр эҳтиёткор ва ҳасос ба масоили динӣ намуд.

Шаҳрвандон аз ин вазъ нигаронӣ мекунанд, вале мақомот дар аксар ҳолат бархӯрди қатъии худро бо масоили динӣ ба мубориза бо ифротгароӣ рабт медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...