Интиқоли устувори пули муҳоҷирон. Пешгӯии беҳтари рушди иқтисодӣ барои Тоҷикистон

Бонки осиёии рушд (БОР) рушди иқтисодии Тоҷикистонро барои солҳои 2023 ва 2024 беҳтар пешгӯӣ кардааст. Дурнамои рушди Осиё, ки 20 сентябр нашр шуд, рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар соли 2023-ро 6,5 дарсад ва дар соли 2024 7,0 дарсад пешбинӣ намудааст. Дар гузориши моҳи апрели БОР соли 2023 5,5% ва соли 2024 6,5% афзоиш пешбинӣ шуда буд. […]

Бонки осиёии рушд (БОР) рушди иқтисодии Тоҷикистонро барои солҳои 2023 ва 2024 беҳтар пешгӯӣ кардааст. Дурнамои рушди Осиё, ки 20 сентябр нашр шуд, рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар соли 2023-ро 6,5 дарсад ва дар соли 2024 7,0 дарсад пешбинӣ намудааст.

Дар гузориши моҳи апрели БОР соли 2023 5,5% ва соли 2024 6,5% афзоиш пешбинӣ шуда буд.

Таҷдиди назар дар пешгӯӣ ба афзоиши тақозои дохилӣ ба мол ва хидматрасонӣ, ки аз афзоиши интиқоли пул ва ҳамчунин гардиши сайёҳон ва муҳоҷирон аз Русия бармеояд, рабт дода мешавад.

“Рушди иқтисод дар ҷумҳурӣ аз 7,4% дар нимсолаи аввали соли 2022 ба 8,3% дар нимаи аввали соли 2023 расидааст. Ин ба беҳбуди соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ, инчунин интиқоли маблағҳои зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия вобаста аст”, – гуфта мешавад дар ҳисобот.

Таъкид шудааст, ки афзоиши якбораи интиқоли пул аз ҳисоби афзоиши теъдоди муҳоҷирони корӣ ба рушди ғайричашмдошти иқтисодӣ мусоидат кардааст.

Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки интиқоли пулии қобили таваҷҷуҳ касри ҳисоби ҷориро коҳиш додааст.

Муаллифони ҳисобот тавзеҳ медиҳанд, ки касри савдо дар нимсолаи аввали соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ду баробар афзудааст, зеро содироти мол 44,2% яъне то 0,7 миллиард доллар коҳиш ёфта, воридот 19,1%, яъне то 2,7 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.

“Аммо интиқоли пул устувор будааст, ки касри ҳисоби ҷориро то 28,7 дарсад коҳиш дода, аз 12,4 фоизи ММД дар нимсолаи аввали соли 2022 то 7,8 фоиз дар нимсолаи аввали соли 2023, баробар кардааст”, – таъкид мешавад дар ҳисобот.

Иқтисоддонҳои БОР пешгӯӣ мекунанд, ки идомаи ҷараёни устувори интиқоли пул ба коҳиши минбаъдаи касри ҳисоби ҷорӣ мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки маълумот дар бораи интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон махфӣ аст, ҳарчанд он сири давлатӣ нест.

Қаблан дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон гуфта шуда буд, ки дар соли 2022 вуруди пули муҳоҷирон ба ин кишвар беш аз 5,2 миллиард долларро ташкил дода, ки нишондиҳандаи рекордӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.