Ҳалокати овозхони ҷавон Некрӯз Ниёзов дар садамаи нақлиёт

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Овозхони 27-солаи тоҷик Некрӯз Ниёзов бар асари садамаи нақлиёт дар Душанбе ҳалок шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” пайвандони овозхон хабар доданд.

Ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 21 сентябр дар мавзеи гардиши фурудгоҳ, каме дуртар аз тарабхонаи “Боми ҷаҳон”, овозхон дар он ҷо вохӯрие таъин карда будааст, рух медиҳад.

Бино ба маълумоти пешакӣ, Некрӯз Ниёзов соати 22:40 вақте аз автомашинаи худ мебарояд, ӯро автомашинаи “Лексус”, ки бо суръати баланд ҳаракат доштааст, пахш мекунад.

Кумаки аввалро ба овозхон таксирони шоҳиди ҳодиса расонидааст. Таксирон ӯро ба беморхона мебарад, вале мутаассифона, ба табибон муяссар нашудааст, ки ҳаёти Некрӯзро наҷот диҳанд. Рӯзи 21-уми октябр ӯ ба синни 28-солагӣ мерасид.

Пайвандони овозхон хабар доданд, ки ҷасади Некрӯз дар зодгоҳаш – ВМКБ ба хок супурда мешавад.

Наздиконаш мегӯянд, шахсияти гумонбар маълум шуда, ӯ боздошт шудааст, лекин тасдиқи ин маълумот дар милитсия ҳоло муяссар нашуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки РВКД Душанбе хабар медиҳад,  тақрибан соати 22:30 автомашинаи «Lexus RX350» (рақ. давл. 4800СС01 зери идораи сокини пойтахт Файзулло Комёб Машраби 18-сола ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Айнӣ ба самти кӯчаи Дӯстии халқҳо ба автомашинаи «Lexus RX350» (1981WM01) зери идораи сокини 19-солаи пойтахт Ахтамзода Оятулло Хушбахт бармехӯрад. Яке аз автомашинаҳо пиёдагарди дар канори роҳ қарордошта Некрӯз Ниёзовро пахш намудааст.

Гуфта мешавад, айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои дарёфтии "Asia-Plus" муқассири ин садама – Файзулло Комёб Машраби 18-сола эҳтимол дорад писари Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия (ДСТР)  бошад. Дар ин бора ба "Asia-Plus", наздикони сарояндаи фавтида  иттилоъ доданд. Аммо тасдиқи дурустии ин хабар то ҳол ба "Asia-Plus" муяссар нашудааст, зеро ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба зангҳои телефонӣ посух надод.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...