“Мубориза бо рафтори зидди ислом”. Додгоҳи Суғд як сокини Исфараро ба 13 соли зиндон маҳкум кард

Додгоҳи вилояти Суғд Файзиддин  Камолиддинов, як сокини шаҳри Исфараро барои ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва куштори одам, ҷинояте, ки 25 сол пеш содир шуда буд, 13 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Дар ҳукми додгоҳ, ки дастраси мо шуд, таъкид мегардад, ки Файзиддин  Камолиддинов, сокини ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара, соли 1998 бо мақсади “ба даст овардани […]

Додгоҳи вилояти Суғд Файзиддин  Камолиддинов, як сокини шаҳри Исфараро барои ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва куштори одам, ҷинояте, ки 25 сол пеш содир шуда буд, 13 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Дар ҳукми додгоҳ, ки дастраси мо шуд, таъкид мегардад, ки Файзиддин  Камолиддинов, сокини ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара, соли 1998 бо мақсади “ба даст овардани маблағ ва ҷазо додани шахсони зидди ислом рафтордошта” гуруҳи мусаллаҳ ташкил карда, даст ба ҷиноятҳои вазнин задааст.

Ин гуруҳ дар шаҳри Исфара ва атрофи он ҷиноятҳои худро содир кардаанд.

Аз ҷумла, дар ҳукм таъкид мешавад, ки Файзиддин  Камолиддинов ва аъзои дигари гуруҳи муташаккили ҷиноии ӯ бо мақсади ба даст овардани маблағи ду нафари аз Русия баргашта нақшаи ҷиноятӣ таҳия карда, аммо баъдан онҳоро аз назар дур мекунанд ва 4 нафари дигарро дар ҳудуди шаҳраки Нурафшон (собиқ шаҳраки КИМ)-и роҳи Конибодом – Исфара, бо баҳонаи “содир кардани рафтори зидди ислом”, яъне ишқварзӣ дар канори роҳ, бо таппонча ба қатл мерасонанд.

Баъди ин ҷиноят, онҳо тавонистаанд барои муддати дароз аз мақомот пинҳон шаванд. Аммо бо гузашти 25 сол аз ин ҷиноят, мақомот тавонистаанд шахсияти Файзиддин  Камолиддиновро муайян ва ӯро боздошт кунанд.

Дар ин байн Файзиддин  Камолиддинов тавонистааст чандин сол дар Русия зиста, шаҳрвандии ин кишварро дастрас кунад.

Ҳамин тавр, Додгоҳи вилояти Суғд Файзиддин  Камолиддиновро бо моддаҳои 74 (таъсиси гуруҳи муташаккили ҷиноӣ), 156 қисми 2 ва чанд банди моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961)  гунаҳкор дониста, ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст.

Зикр мешавад, ки ҳаммаслакони ӯ ҷустуҷӯ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.