Чаро Кӯлоб аз истифодаи неруи барқ 35 млн доллар қарздор шуд?

Билоли Шамс, Asia-Plus

Масъулини ноҳия мегӯянд, муассисаҳои давлатие, ки қарздор мешаванд, аз Душанбе маблағи кофӣ намегиранд. Аммо ин ягона сабаб нест.

Дар бораи қарздории беҳад зиёди минтақаи Кӯлоб аз неруи барқ (391 млн 546 ҳазор сомонӣ) ҳанӯз аввали тобистон ба хабарнигори “Садои мардум” роҳбари тиҷоратии филиали ҶС «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар минтақаи Кӯлоб Баҳром Ҳикматзода хабар дода буд.

Ба гуфтаи ӯ, он замон аз ин маблағ 232 млн 415 ҳазор сомониаш ба қарзи аҳолӣ рост меомад. Дар робита ба қарзи аҳолии камбизоат мо аллакай одат кардаем, лекин чаро корхона ва муассисаҳои давлатӣ қарзашонро намедиҳанд?

Роҳбарон дар маҳалҳо хароҷотро пинҳон мекунанд…

Роҳбари тиҷоратии “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и ноҳияи Ховалинг (ба гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дохил аст) Наврӯз Қурбонов мегӯяд:

– Қарзи истифодаи барқ дар корхонаву муассисаҳои буҷетӣ зиёд мешавад. Сабаб дар он аст, ки аҳолӣ зиёд мешавад ва дар баробари он шумори муассисаҳои давлатӣ низ зиёд мешавад.

Яъне бо афзоиши аҳолӣ маҳаллаҳои аҳолинишини нав ва ҳамзамон зерсохтори зарурӣ барои онҳо – мактабу муассисаҳои тиббии нав бунёд карда мешаванд. Хароҷоти буҷети ноҳияҳо бошад ё ба таври начандон зиёд афзоиш меёбанд ё умуман зиёд намешавад.

Роҳбари “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Кӯлоб Баҳром Мирзоев низ афзоиши қарз аз барқро дар корхонаву муассисаҳои давлатӣ зикр мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар нарасидани маблағ ба корхонаву муассисаҳои давлатӣ худи онҳо гунаҳкоранд.

– Сабаб дар он аст, ки корхонаю муассисаҳои буҷетӣ дар сметаи хароҷоти истифодаи нерӯи барқ ​​барои як сол 3 ҳазор сомонӣ нишон медиҳанд.

Аммо дар асл, неруи барқро ба маблағи зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ истифода мекунанд.

Зимни муроҷиат ба онҳо мо ҳамеша ишора мекунем, ки бо хароҷоти 6 ҳазор сомонӣ дар соли гузашта ба ҳеҷ ваҷҳ дар нақшаи хароҷоти нав набояд боз 3 ҳазор сомонӣ нишон дода шавад.

Лекин сарфи назар аз маслиҳату машварати мо, онҳо дар хароҷот боз рақамҳои соли гузаштаро нишон медиҳанд ва ба ин тариқ, қарзҳояшон сол то сол зиёд мешавад.

– Ба фикри ман, агар ин мансабдорон дар бораи корхонаи худ фикр кунанд ва виҷдонашон соф аст, бояд ба раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии худ ҳуҷҷатҳои боэътимодро пешниҳод кунанд. Бовар дорам, ки дар он ҷо онҳоро дастгирӣ намуда, кумак мекунанд.

Лекин ба назар мерасад, ки роҳбарони маҳаллӣ ба ин манфиатдор нестанд.

… ва ба аз эътибор соқит кардани қарзҳо умедворанд

– Мо лоиҳаҳои буҷетии корхонаҳоро дар навбати аввал аз лиҳози моддаи пардохти маош меомӯзем, то ки ин пулҳоро харҷ накунанд, зеро ин моддаи ҳифзшуда мебошад, – мегӯяд Маъруф Ҷаъфарзода, сардори раёсати молияи минтақаи Кӯлоб.

Хароҷоти боқимондаи корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ мувофиқи салоҳдиди худи корхонаҳо ба нақша гирифта мешавад.

Бархе аз роҳбарон пулро ба таъмир ё сафарҳои хидматӣ, кадом як хароҷоти нолозим дар муқоиса бо ҳамон хароҷот барои истифодаи барқ масраф мекунанд.

Чаро онҳо ин тавр мекунанд? Бархе аз роҳбарои корхонаҳои буҷетӣ бар ин назаранд, ки харҷи маблағ барои пардохти истифодаи барқ он қадр шарт нест, зеро онҳо мутмаинанд, ки ягон вақт давлат ин қарзҳоро барои онҳо ҳамту аз эътибор соқит мекунад.

Ҷаъфарзода барои намуна аз қарзи баъзе корхонаҳо мисол меорад:

– Вақте ки ман дар ноҳияи Восеъ ба ҳайси роҳбари бахши молия кор мекардам, қарзи Беморхонаи марказии ноҳия зиёда аз 100 ҳазор сомониро ташкил медод. Он замон Б.Тағоев сардухтури беморхона буд. Ӯ ба мо бо мактуб муроҷиат намуда, пардохти қарзро дархост кард ва ба мо муяссар шуд, ки дар ним сол бо қарори суди иқтисодӣ ин масъаларо ҳал кунем.

Дар пардохти он қарз ҳамчунин аз маблағҳои суратҳисоби махсуси худи Беморхонаи марказӣ ҳам истифода шуд.

Ин аввалин ва охирин роҳбар дар ноҳияи Восеъ буд, ки барои пардохти қарз (қиман бошад ҳам) аз истифодаи барқ кӯшиш кард.

Дар замони роҳбариам дар ноҳияи Восеъ ман дигар чунин роҳбаронро вонахӯрдаам.

Тарифҳо боло мераванд, вале кумакпулиҳо не

Собиқ иқтисодчӣ аз минтақаи Кӯлоб Сафармурод Суннатов мушкилоти дигари ба ақидаи ӯ муҳими сабаби аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ пардохт нашудани қарзро зикр мекунад.

– Барои пардохти маблағи истифодаи барқ раёсатҳои молияи шаҳру навоҳӣ ба корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ тибқи тарифҳои соли 2006 пул ҷудо мекунанд. Лекин аз соли 2006 арзиши ҳар як киловатти неруи барқ 14 маротиба ба андозаи 12-15% боло рафт.

Мардуми одӣ азоб мекашанд

Сафармо Донаева, сокини ноҳияи Фархор аз оилаи камбизоат аст. Ҳамроҳи фарзандонаш дар замини пахта заҳмат мекашад, музди ночиз мегирад ва дар рӯзгор доимо норасоии пул эҳсос мешавад.

Чанде пеш ба ӯ лозим омад, ки аз маошаш барои ба беморхона рафтан аз деҳаи худ ба Кӯлоб пул сарф кунад.

– Барои дарди чашмам рафтам, – мегӯяд ӯ. – Лекин дар беморхонаи чашм барқ набуд. Он ҷо аз соати 8-и субҳ то 5-и бегоҳ мунтазир нишастам. Он ҷо ба ман гуфтанд, ки дар беморхона барқ нест, зеро ин муассиса аз истифодаи барқ қарздор аст ва интиқоли барқро ба он қатъ кардаанд. Лекин магар беморхона дар “хатти сурх” нест?

Сафармо натавонист, ки барои муоинаи чашмаш ба назди духтур дарояд.

Вақте ки рӯзи корӣ ба охир расид, ӯ ба хонааш баргашт. “Вақт ва пулро барои рафтан талаф дода, ҳеҷ гуна кумаке гирифта натавонистам”, – мегӯяд ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...