Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Франк-Валтер Штайнмайер

Имрӯз, 29-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо раисҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад. Зимни нишаст масоили ҳамкории минтақавии ҷонибҳо ва рӯзномаи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ […]

Asia-Plus

Имрӯз, 29-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо раисҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

Зимни нишаст масоили ҳамкории минтақавии ҷонибҳо ва рӯзномаи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” баррасӣ гардидааст.

Гуфта мешавад ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ андешаронӣ намуданд.

"Зарур шумурда шуд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти сармоягузорӣ, дар бахшҳои гуногуни саноат, обу энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва сайёҳӣ фаъол карда шавад", – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ба мавзӯи афзоиши таҳдиду хатарҳо, аз он ҷумла вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер даъват кардааст, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.