Марат Хуснулин аз таваҷҷуҳи тиҷорати Русия ба иқтисоди Тоҷикистон изҳори назар кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар маросими ифтитоҳи форуми байнулмилалии сармоягузории “Душанбе-2023” муовини сарвазири Русия Марат Хуснулин изҳор дошт, ки ҳамкории мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ рушд мекунад.

“Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 лоиҳаи муштарак бо маблағи умумии зиёда аз 100 млрд рубл амалӣ мешавад”, – овардааст гуфтаҳои Хуснулинро хадамоти матбуоти ҳукумати Русия.

Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия, дар гардиши молу маҳсулоти Тоҷикитсон Русия зинаи аввалро ишғол намуда, “мо ба тавсеъаи минбаъдаи ҳамкориҳо идома медиҳем”.

Ӯ таъкид дошт, ки соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол байни Русия ва Тоҷикистон 18% – то 1,43 млрд доллар афзуд.

“Мо фаъолона ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунем: имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 130 млрд рубл сармоягузории андӯхта мутамарказ шудааст”, – гуфт ӯ.

Хуснулин илова кард, ки Русия ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор буда, форуми сармоягузорӣ дар муҳити тиҷоратии Русия таваҷҷуҳи зиёд ба бор овард.

Ба иттилои портали ҳукумати Русия, ба ҳайати Русия, ки Хуснулинро дар Душанбе ҳамроҳӣ мекард, 150 нафар намояндагони тиҷорат ва мақомоти иҷроияи ҳокимият шомил буданд.

Дар форум як қатор созишномаҳои дуҷониба ба имзо расиданд.

Марат Хуснулин зимни сафари корӣ ба Тоҷикитсон бо сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов, инчунин раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дидору гуфтушунид кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...