Моҳи октябр Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Тибқи пешгӯйии обуҳавошиносон, моҳи октябр обуҳаво дар Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳо каме сард мешавад. Танҳо баъзан ҳарорати миёна 1 дараҷа баландтар аз меъёр дар назар аст, хабар доданд аз Агентии обуҳавошиносӣ. Бино ба иттилои манбаъ, боришот аз аввали нимаи дуюми моҳ пешбинӣ шудааст. Нимаи аввали моҳ дар Душанбе, Ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон тағйирёбии ҳарорат […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Тибқи пешгӯйии обуҳавошиносон, моҳи октябр обуҳаво дар Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳо каме сард мешавад. Танҳо баъзан ҳарорати миёна 1 дараҷа баландтар аз меъёр дар назар аст, хабар доданд аз Агентии обуҳавошиносӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, боришот аз аввали нимаи дуюми моҳ пешбинӣ шудааст.

Нимаи аввали моҳ дар Душанбе, Ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон тағйирёбии ҳарорат дар водиҳо то 11-16 дараҷа ва рӯзона то 26-31 дараҷа гарм дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона 8-13 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

Баъзан пурзӯр шудани суръати вазиши шамол ва фаромадани чангу ғубор ҳамроҳи он дар назар аст.

Дар ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва аз меъёр кам пешбинӣ гардида, раъду барқ дар охири моҳи октябр аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳадди меъёр дар назар буда, дар водиҳо 12-14 ва дар кӯҳҳо – 9-12 дараҷа гарм мешавад.

Боришоти миқдори гуногун дар шимоли кишвар бештар дар нимаи дуюми моҳ имконпазир буда, дар баъзе ноҳияҳои вазиши шамол то 15-20 м/сония суръат мегирад.

Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҳарорати миёнаи моҳона 15-17 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорат шабона 6-11 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар нимаи дуюми моҳ поинравии ҳарорат шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Боришот нимаи моҳ ва баъзан камтар аз меъёр дар назар аст.

Дар шарқи ВМКБ сардӣ меояд: нимаи аввали моҳ ҳарорат шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Охири моҳ поинравии ҳарорат шабона то 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм пешгӯйӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.