Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии ”Китоби Душанбе” баргузор мегардад

Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад, махсус барои Asia-Plus

Аз 3 то 5-уми октябри соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии ”Китоби Душанбе” баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои бадастомада, ба ин намоиш намояндагон ва меҳмонони 12 кишвари дунё, аз ҷумла Туркия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон даъват гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки дар намоиши мазкур иштироки меҳмонони ифтихорӣ аз Русия низ дар назар аст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” аз соли 2011 инҷониб баргузор мегардад ва дар он асарҳои садҳо адиб ва шоирони ватанию хориҷӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Соли гузашта Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе”, дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид, ки дар он 4 000 номгӯ китоб аз 8 ноширони кишварҳои хориҷӣ, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ва зиёда аз 30 ноширони дохилӣ китобҳои тозанашри хешро манзури тамошобинон, аҳли фарҳангу адаб ва дӯстдорони китоб гардонида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...