Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии ”Китоби Душанбе” баргузор мегардад

Аз 3 то 5-уми октябри соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии ”Китоби Душанбе” баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи иттилои бадастомада, ба ин намоиш намояндагон ва меҳмонони 12 кишвари дунё, аз ҷумла Туркия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон даъват […]

Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад, махсус барои Asia-Plus

Аз 3 то 5-уми октябри соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии ”Китоби Душанбе” баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои бадастомада, ба ин намоиш намояндагон ва меҳмонони 12 кишвари дунё, аз ҷумла Туркия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон даъват гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки дар намоиши мазкур иштироки меҳмонони ифтихорӣ аз Русия низ дар назар аст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” аз соли 2011 инҷониб баргузор мегардад ва дар он асарҳои садҳо адиб ва шоирони ватанию хориҷӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Соли гузашта Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе”, дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид, ки дар он 4 000 номгӯ китоб аз 8 ноширони кишварҳои хориҷӣ, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ва зиёда аз 30 ноширони дохилӣ китобҳои тозанашри хешро манзури тамошобинон, аҳли фарҳангу адаб ва дӯстдорони китоб гардонида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.