Омӯзиш барои эҷоди филмҳои мустанад: Eurasiadoc Central Asia 2023

Маводи шарикон

Омӯзиши Eurasiadoc барои муаллифон — коргардонҳои Қазокистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки филмҳои хуҷҷатӣ-эҷодӣ таҳия мекунанд, пешбинӣ шудааст.

Дар ин омӯзиш танҳо шаш нафар интихоб мегардад. Омӯзиш ройгон аст ва ба иштирокчиён хӯроки нисфирузӣ дода мешавад. Хароҷоти дигар – роҳкиро ва ҷои зистро иштирокчиён пардохт мекунанд.

Дар Тоҷикистон чорабинии мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад (санаи оғози омӯзиш рӯзҳои наздик муайян хоҳад шуд).

Омӯзиш дар чанд марҳила ташкил карда мешавад: давраи муоширати онлайн байни муаллифони интихобшуда ва давраи корӣ, тақрибан дар давоми 2 ҳафта ва кори онлайнӣ бо кураторон барои дастгирии минбаъда.

Забони корӣ забони давлатии кишвар ё русӣ хоҳад буд. Кураторон бо забони фаронсавӣ ба воситаи тарҷумон кор хоҳанд кард. Шояд забони англисӣ ва забони русӣ низ ҳамчун забони корӣ истифода бурда шаванд. Донистани забони англисӣ ба хотири ҳамкорӣ дар соҳаи филмсозӣ ва вохӯриҳои баёналмиллалӣ дар оянда талаб карда мешавад.

Мақсад аз баргузории омӯзиш ин дастгирии муаллифон дар таҳияи лоиҳаи филмҳо мебошад, ки дар натиҷа онҳо соҳиби маҳорат ва малакаи навиштани як ҳуҷҷат мешаванд.

Пас аз анҷоми омӯзиш чанд нафар бо мақсади даъват ба вохуриҳои байналмиллалӣ дар соҳаи истеҳсоли муштараки филмҳо, ки соли 2024 дар Казоқистон баргузор мегардад, даъват мешаванд. Мулоқотҳои байналмилалӣ ба эҷодкорони интихобшуда ҷиҳати муаррифии шифоҳии лоиҳаи худ, шиносоӣ бо коргардонҳои сершумор, муҳаррирони комиссияҳои телевизионӣ ва намояндагони фондҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупоӣ ва истеҳмолу маблағгузории якҷояи лоиҳа имконият фароҳам меорад.

Барои пешниҳоди номзадии худ варқаи замимашударо бо забони англисӣ ё фаронсавӣ пур кунед ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои дархостшударо замима намоед.

Агар барои пешниҳоди номзадӣ мушкилии техникӣ пайдо шавад ба почтаи зерин метавонед муроҷиат намоед: [email protected]

Меъёри асосии интихоб сифати лоиҳаи филм, имкони таҳияи он чун филми мустанади эҷодӣ мебошад.

Муҳлати пешниҳоди номзадӣ то 5-уми ноябри 2023.

Барои ҳамаи саволҳо метавонед инҷо муроҷиат кунед: [email protected]

Линк барои сабти ном: https://docs.google.com/…/1FAIpQLScv8S5x98TzDN…/viewform

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...