Медали ҳафтуми Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ

Миҷгона Самадова дар риштаи бокс дар вазни то 57 кг барандаи медали биринҷии Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ гардид ва соҳиби роҳхати олимпӣ ба Париж-2024 шуд. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Карина Иброҳимова аз Қазоқистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Миҷгона дар даври аввал бар намояндаи Ветнам – Нгуйен Ҳуен Тран бидуни мушкили бо қарори якдилонаи […]

Миҷгона Самадова дар риштаи бокс дар вазни то 57 кг барандаи медали биринҷии Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ гардид ва соҳиби роҳхати олимпӣ ба Париж-2024 шуд.

Ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Карина Иброҳимова аз Қазоқистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Миҷгона дар даври аввал бар намояндаи Ветнам – Нгуйен Ҳуен Тран бидуни мушкили бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5 бар 0 музаффарият ба даст оварда, дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили Сатсуки Ёшизава аз Ҷопон ғалаба карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта буд.

Пас аз ин ғалаба, Миҷгона аз миёни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, роҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж-2024-ро аз риштаи бокс соҳиб шуда буд.

Ӯ ҷоизаи президентӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ ва калиди хонаи якҳуҷрагиро аз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дарёфт хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки ин медали 7-ум (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ)-и Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ дар Ханжоу мебошад.

Бояд гуфт, ки варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ дар маҷмӯъ 7 медал – 2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷиро ба даст оварданд.

Ин медалҳоро Сомон Маҳмадбеков, Давлат Болтаев, Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода, Хайрандеш Муродзода, Ҳақназар Назаров ва Миҷгона Самадова ба Тоҷикистон оварданд.

Бояд гуфт, ки ба варзишгарони тоҷик, ки дар 19-умин Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоу медали тилло мегиранд, ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, ба барандагони медали нуқра 100 ҳазор сомонӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин, бо қарори шаҳрдори Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрагӣ, медали нуқра – дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ – манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёи 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. 138 варзишгар аз Тоҷикистон аз 18 риштаи варзиш дар ин мусобиқа баромад мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.