Ифтитоҳи мактаби нав дар Шаҳринав аз ҷониби Бунёди Саудии Рушд

Asia-Plus

Дар ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби Бунёди Саудии Рушд мактаби нав барои 620 нафар бунёд ва ба истифода дода шуд. Он дар доираи тарҳи бунёди 34 мактаби миёна дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон сохта шудааст.

Мактаби нав дар ноҳияи Шаҳринав имрӯз аз ҷониби раиси иҷроияи Бунёди Саудии Рушд ҷаноби Султон ибни Абдураҳмон ар-Маршад ва муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода расман ифтитоҳ гардид.

Ҳамчунин дар  маросими ифтитоҳи мактаб сафири сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон ва намояндагони баландпояи тарафайн ҳузур доштанд.

Тибқи иттилои дастрасшуда, мактаби навсохт иборат 36 синфхона бо наздик ба 620 ҷой мебошад.

Зимни сухани ифтитоҳӣ Султон ибни Абдураҳмон ар-Маршад ба аҳамияти таълим барои наврасону ҷавонон таваҷҷуҳ карда, зикр намуд, ки он рукни асосии рушди кишвар ба ҳисоб меравад, зеро давлат дар барномаҳои рушд ба ҷавонони таълимгирифта такя мекунад.

“Бунёди Саудии Рушд бо назардошти аҳамияти таълим тасмим гирифтааст соҳаи маорифи Тоҷикистонро дастгирӣ кунад, ҳамчунон ки ин фаъолиятро дар дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар ҷаҳон анҷом медиҳад”, – зикр кард Султон ибни Абдураҳмон ар-Маршад.

Зиёдулло Абдулзода миннатдории худро ба роҳбарияти Олии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои дастгирии рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон тавассути маблағгузории лоиҳаҳо ва барномаҳои рушд аз ҷониби Бунёди Саудии Рушд изҳор намуда, таъкид кард, ки бахши маориф дар дастгирии нақшаҳои рушд дар Тоҷикистон аз аҳамият бархурдор мебошад.

“Бунёди Саудии Рушд чор лоиҳаи рушди соҳаи маорифро маблағгузорӣ кардааст, ки он 57 мактаби таҳсилоти умумиро дар чор марҳила ба маблағи умумии 75 млн долл. ИМА дар бар мегирад. Ҳамчунин маблағгузории лоиҳаҳо ва барномаҳои рушд, ки Бунёди Саудии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 ин ҷониб анҷом додааст, 12 қарзи имтиёзнок ба маблағи зиёда аз 193 млн долл. ИМА барои иҷрои 12 лоиҳа ва барномаи рушд мебошад, ки он ба рушди зерсохтори соҳаҳои тандурустӣ, маориф, таъмини об, ҳамчунин дастгирии соҳаи нақлиёту коммуникатсия дар Тоҷикистон равона карда шудааст”, – зикр намуд Зиёдулло Абдулзода.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳамкории Бунёди Саудии Рушд дар соҳаи рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи беш аз 20 солро дорад.

Бояд гуфт, ки мактаби нав дар Шаҳринав дар доираи лоиҳае сохта шуд, ки марҳилаи чоруми он бунёди 34 мактабро дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон пешбинӣ кардааст. Ин мактабҳо бо маблағгузории Бунёди Саудии Рушд тавассути ҷудо кардани қарзи имтиёзноки рушд ба маблағи 35 млн долл. ИМА ва барои истифодаи тақрибан 25 ҳазор талаба, сохта мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...