Ҳамаи маоши сокинони Тоҷикистон танҳо барои хӯрок сарф мешавад

Тибқи маълумоти Агентии омор, соли 2022 даромади миёна ба як нафар 755 сомонӣ ва хароҷоташ – зиёда аз 855 сомониро ташкил медиҳад. Чанде пеш ширкати бриониёӣ оид ба таҳқиқи бозорҳои Euromonitor International таҳқиқот дар мавриди хароҷоти сокинони 105 давлатро барои хӯрок нав кард. Мувофиқи маълумоти нашршуда, хароҷот ба хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо дар Туркманистон 36,9%, Ӯзбекистон […]

Тибқи маълумоти Агентии омор, соли 2022 даромади миёна ба як нафар 755 сомонӣ ва хароҷоташ – зиёда аз 855 сомониро ташкил медиҳад.

Чанде пеш ширкати бриониёӣ оид ба таҳқиқи бозорҳои Euromonitor International таҳқиқот дар мавриди хароҷоти сокинони 105 давлатро барои хӯрок нав кард.

Мувофиқи маълумоти нашршуда, хароҷот ба хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо дар Туркманистон 36,9%, Ӯзбекистон – 46,5% ва Қазоқистон – 49-и музди меҳнатро ташкил медиҳад.

Дар бораи Тоҷикистон маълумот мавҷуд нест.

Биёед худамон ҳисоб мекунем

Бино ба маълумоти расмӣ, музди меҳнати ҳадди ақалл (минималӣ) дар Тоҷикистон 600 сомониро ташкил дода, музди миёнаи меҳнат дар нимаи аввали соли 2023 ба 1730 сомонӣ баробар буд.

Аз аввали моҳи июли соли равон маоши кормандони буҷет дар Тоҷикистон ба андозаи 20% зиёд шуд. Бо вуҷуди ин, сокинон аз гаронии маводи ғизоӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввал шикоят мекунанд.

“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки маълумоти Агентии оморро мустақилона биомӯзад, то мақоми кишварро аз рӯи хароҷоти истеъмолӣ муайян кунад.

Мо маоши андозааш 1730 сомониро асос гирифтем. Арзиши маҳсулот ва хидматрасониҳоро бар асоси маҷмӯи номгӯи аз ҷониби ҳукумат муайяншуда ҳисоб кардем.

Сохтори хароҷоти истеъмолиро Агентии омор тариқи зайл муайян кардааст: каме бештар аз 60%-и даромади хонаводаҳо ба харидани маҳсулоти хӯрокворӣ, 27,3% – ба харидани маҳсулоти ғайриозуқа ва ҳудуди 12%-аш – ба пардохти хидматрасониҳо, аз ҷумла Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва нақлиёт рост меояд.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти як қатор созмонҳои байнулмилалӣ, соли 2021 хароҷоти истеъмолӣ ба ҳар як сари аҳолӣ дар Тоҷикистон 820 долларро ташкил дода, аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон зинаи 179-умро ишғол кард.

Агар мувофиқи меъёрҳои тасдиқкардаи ҳукумат хӯрок истеъмол намоем, хароҷот ба 1 узви оила тақрибан 692 сомониро ташкил медиҳад, ки ба 40%-и музди меҳнат баробар аст.

Агар оила аз 3 нафар иборат бошад, музди меҳнат пурра ба хӯрок сарф шуда, агар дар оила аз 3 нафар зиёдтар бошанд, он тамоман намерасад.

Хароҷот ба хариди маҳсулот барои истеъмол дар хона:

1. Маҳсулоти нонӣ. Меъёр 12,1 кг. Бо орд (1 кило – 6 сомонӣ). Дар як моҳ хароҷот 72,6 сомониро ташкил медиҳад;

2. Маҳсулоти гӯштӣ. Меъёр 3,4 кг. 1 кило – 70 сомонӣ. Ба 1 кас дар 1 моҳ 238 сомонӣ рост меояд. Табиист, ки дар Тоҷикистон истеъмоли воқеии гӯшт бамаротиб камтар аст, бо сабаби гаронии гӯшт аксарияти оилаҳо меъёри 1 нафарро истеъмол мекунанд;

3. Шир. Меъёр 9,5 л. 1 литр – 7 сомонӣ. Хароҷот дар як моҳ 66,5 сомониро ташкил медиҳад;

4. Тухм – 21 сомонӣ (меъёр – 15 дона, нарх 1 дона тухм – 1,4 сомонӣ);

5. Картошка – 38 сомонӣ (меъёр – 7,6 кг, нарх: 1 кг – 5 сомонӣ);

6. Сабзавот – 68,5 сомонӣ (меъёр -13,7 кг, нархи миёна: 1 кг – 5 сомонӣ);

7. Мева -102 сомонӣ (меъёр – 10,2 кг, нархи миёна: 1 кг – 10 сомонӣ);

8. Шакар (қанд) – 17,6 сомонӣ (меъёр – 1,6 кг, нарх: 1 кг – 11 сомонӣ);

9. Равғани растанӣ – 27,6 сомонӣ (меъёр – 1,38 л, нархи миёна: 1 литр – 20 сомонӣ);

10. Дигар маҳсулот (моҳӣ, нӯшокиҳо ва ғайра) – тақрибан 40 сомонӣ.

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, музди меҳнати пасттарин дар бахши кишоварзӣ ва соҳаи хоҷагии ҷангал (600 сомонӣ) ва маоши баландтарин дар соҳаи молия ва бахши бонкӣ (беш аз 3 ҳазор сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Барои аксарияти хонаводаҳо музди меҳнат сарчашмаи асосии даромад набуда, дар деҳот хонаводаҳо аз парвариши сабзавоту мева, нигоҳубини чорвои хонагӣ ва тиҷорати хурд пул кор мекунанд.

Ҳамчунин интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ низ сарчашмаи назарраси даромад маҳсуб меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.