Судҳои Тоҷикистон бояд боз бошанд. Ин чӣ гуна кор мекунад?

Дар Тоҷикистон Қоидаҳои ба роҳ мондани кори сомонаҳои мақомоти судӣ тасдиқ шуд, ки мутобиқи он судҳо бояд дар бораи ҷаласаҳои судӣ маълумот нашр кунанд. Ин Қоидаҳо чистанд ва акнун судҳо бояд чӣ гуна маълумот пешниҳод намоянд? Чаро қабули Қоидаҳо муҳим аст? Соли 2021 қонун “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” қабул шуд. […]

Алина Валамат-Зода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон Қоидаҳои ба роҳ мондани кори сомонаҳои мақомоти судӣ тасдиқ шуд, ки мутобиқи он судҳо бояд дар бораи ҷаласаҳои судӣ маълумот нашр кунанд. Ин Қоидаҳо чистанд ва акнун судҳо бояд чӣ гуна маълумот пешниҳод намоянд?

Чаро қабули Қоидаҳо муҳим аст?

Соли 2021 қонун “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” қабул шуд. Мувофиқи ин қонун, судҳои Тоҷикистон бояд дар бораи фаъолияти худ табодули маълумот намуда, омор, қарорҳои судӣ ва дигар иттилооти муфидро ба нашр расонанд.

Агар судҳои Тоҷикистон чунин маълумотро нашр кунанд, ин натанҳо кори рӯзноманигоронро дар инъикоси мурофиаҳои судӣ осон мекунад, балки фаъолияти худи низоми додгоҳиро низ беҳтар месоззад. Ҷонибҳои мурофиа низ метавонанд ба таври қулай вазъи парвандаи судии худро назорат кунанд, аз ҷадвали ҷаласаҳо огаҳӣ ёбанд ва саривақт бо қарори қабулшуда шинос шаванд.

Аммо бо қабули ин қонун пешравии назаррасе ба назар намерасад— судҳо барои саривақт нашр кардани маълумот имкониятҳои кофии молиявӣ ва техникӣ надоранд.

Масалан, бо сабаби набудани кадрҳое, ки бояд мундариҷаи сомонаҳоро месозанд, дар минтақаҳо худи раисони судҳо дар сурати вақт ёфтан барои интишори маълумот масъуланд.

Аммо, аз афташ, вақти кофӣ надоштаанд.

Ба қабули Қоидаҳо чӣ такон шуд?

Риоя нашудани қонун “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”-ро  Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ расман сабт кард.

Соли 2022 дар доираи лоиҳаи Internews «Беҳтар намудани фазои ҳуқуқӣ барои расонаҳо дар Тоҷикистон» Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мониторинги 68 сомонаи судиро баргузор намуд. Натиҷаи мониторинг нишон дод, ки аксари онҳо маълумоти зарурӣ нашр намекунанд.

Дар натиҷа мутахассисони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар муддати се моҳ ба намояндагони мақомоти судӣ ҷиҳати таҳияи Қоидаҳои нави ба роҳ мондани кори сомонаҳои мақомоти судӣ кумак карданд.

Дар Қоидаҳо чӣ гуна, кай ва маҳз кадом маълумот нашр шудан дар сомонаҳо аз ҷониби судҳо зикр шудааст. Акнун судҳо бояд имконият ёфта, онро иҷро кунанд.

Қоидаҳо ба кадом судҳо дахл доранд?

Ба ҳамаашон. Ин қоидаҳо аз ҷониби Суди олӣ ва Суди олии иқтисодӣ тасдиқ шуда, барои иҷро дар ҳамаи судҳои кишвар дастури ҳатмист.

Судҳо маҳз кадом маълумотро бояд нашр кунанд?

Аввал, албатта матни санадҳои қабулшудаи судӣ – ба истиснои ҳолатҳое, ки нашри онро қонунгузорӣ манъ кардааст (масалан, агар онҳо ба амнияти давлат дахл дошта бошанд).

Ба ғайр аз қарорҳои қабулшудаи суд, бояд рӯйхати парвандаҳое, ки ҳанӯз мавриди баррасӣ қарор доранд, бо зикри ҳайати суд, шахсони дар парванда иштирокдошта, мазмуни мухтасари парванда, инчунин вақт ва ҷойи баррасии онҳо нашр шаванд. Инчунин бояд маълумот барои тамос: суроғаи почтаи электронӣ ва рақами телефон ҷой дошта бошад.

Илова бар ин, Қоидаҳои қабулшуда судро вазифадор мекунад, ки мактубҳои воридшударо баррасӣ ва саривақт ба онҳо посух диҳад, дар бораи кори суд, омори судӣ хабар диҳад, аз рӯи парвандаҳои ҷудогона таҷрибаи умумӣ ҳосил кунад, қарорҳои Пленумхои Суди Олӣ ва Суди олии иқтисодӣ, маълумот дар бораи кормандони суд бо шумули судҳо, намояндагони суд ва ғайраро нашр намояд. Чунин маълумот бояд ному насаби пурра ва маълумот барои тамосро дар бар гирад.

Матни санадҳои судӣ бояд таъҷилан дар сомонаҳои судҳо нашр шавад; хабар – дар муддати шаш соати корӣ пас аз анҷоми чорабинӣ; дигар ҳама гуна маълумоти расмии навшуда бояд дар муддати се рӯз дастрас бошад.

Агар чунин бошад, ки Қоидаҳо қабул шуданду, лекин судҳо чизе нашр намекунанд?

Рӯзноманигорон ҳуқуқ доранд, ки барои риоя накардани қонун “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ба суд шикоят баранд.

Дар ин ҳолат раиси суд масъул аст. Аммо ҳоло дар Тоҷикистон чунин таҷрибаи судӣ нест.

Аз кадом вақт ин қонун мавриди амал қарор мегирад?

Аллакай бояд амал дошта бошад. Судҳо аз лиҳози имкониятҳои техникӣ шояд ба иҷрои ҳама Қоидаҳо фурсат надоранд, лекин аз лиҳози ҳуқуқӣ метавон аз болои онҳо шикоят бурд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.