Дар шимоли Тоҷикистон сохтмони вокзали роҳи оҳани “Хуҷанд” барқарор шуд

Asia-Plus

Дар вилояти Суғд корҳои сохтмони вокзали роҳи оҳани “Хуҷанд аз нав барқарор карда шуд.

Бинои пешинаи якошёнаи вокзал ҳанӯз соли 2011 тахриб шуда, соли 2012 бунёди бинои чорошёнаи вокзал оғоз гардида буд.

Бо сабаби мушкили молиявӣ сохтмони бинои нави вокзал ба муддати якчанд сол мавқуф гузошта шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Раёсати қитъаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар Суғд хабар дод, айни замон қолаби чорошёнаи бино, инчунин бинои таҳхона сохта шудааст.

Айни замон ҳаҷми корҳои иҷрошуда 70%-ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, барои сохтмони бинои нави вокзали роҳи оҳан аз ҷониби КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҳудуди 6 млн сомонӣ ҷудо шудааст.

“Бино бо таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардида, дар ошёнаҳои боло маҷмааи меҳмонхона, қаҳвахона, тарабхона, толори вип ва дар ошёнаҳои поёнӣ ошхона, ҳуҷраи модару кӯдак ва ҳуҷраҳои зарурӣ барои кормандон вокзал ҷойгир мешаванд", – гуфт ҳамсуҳбати мо ва илова намуд, ки дар бинои таҳхона бунёди ҷойи нигаҳдории бор дар назар аст.

Дарозии бинои нави вокзали роҳи оҳани “Хуҷанд” 60 метрро ташкил медиҳад.

Тавре ки интизорӣ меравад, маросими тантанавии ифтитоҳи он дар рӯзҳои ҷашни Рӯзи ваҳдат дар соли оянда баргузор мешавад.

Айни замон дар вилояти Суғд ҳафтае як маротиба қатораи мусофирбари хатсайри “Хуҷанд- Волгоград” амал мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ба сурати умум дар ҷумҳурӣ 30 истгоҳи роҳи оҳан амал мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...