Дар шимоли Тоҷикистон сохтмони вокзали роҳи оҳани “Хуҷанд” барқарор шуд

Дар вилояти Суғд корҳои сохтмони вокзали роҳи оҳани “Хуҷанд аз нав барқарор карда шуд. Бинои пешинаи якошёнаи вокзал ҳанӯз соли 2011 тахриб шуда, соли 2012 бунёди бинои чорошёнаи вокзал оғоз гардида буд. Бо сабаби мушкили молиявӣ сохтмони бинои нави вокзал ба муддати якчанд сол мавқуф гузошта шуд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Раёсати […]

Дар вилояти Суғд корҳои сохтмони вокзали роҳи оҳани “Хуҷанд аз нав барқарор карда шуд.

Бинои пешинаи якошёнаи вокзал ҳанӯз соли 2011 тахриб шуда, соли 2012 бунёди бинои чорошёнаи вокзал оғоз гардида буд.

Бо сабаби мушкили молиявӣ сохтмони бинои нави вокзал ба муддати якчанд сол мавқуф гузошта шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Раёсати қитъаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар Суғд хабар дод, айни замон қолаби чорошёнаи бино, инчунин бинои таҳхона сохта шудааст.

Айни замон ҳаҷми корҳои иҷрошуда 70%-ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, барои сохтмони бинои нави вокзали роҳи оҳан аз ҷониби КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҳудуди 6 млн сомонӣ ҷудо шудааст.

“Бино бо таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардида, дар ошёнаҳои боло маҷмааи меҳмонхона, қаҳвахона, тарабхона, толори вип ва дар ошёнаҳои поёнӣ ошхона, ҳуҷраи модару кӯдак ва ҳуҷраҳои зарурӣ барои кормандон вокзал ҷойгир мешаванд", – гуфт ҳамсуҳбати мо ва илова намуд, ки дар бинои таҳхона бунёди ҷойи нигаҳдории бор дар назар аст.

Дарозии бинои нави вокзали роҳи оҳани “Хуҷанд” 60 метрро ташкил медиҳад.

Тавре ки интизорӣ меравад, маросими тантанавии ифтитоҳи он дар рӯзҳои ҷашни Рӯзи ваҳдат дар соли оянда баргузор мешавад.

Айни замон дар вилояти Суғд ҳафтае як маротиба қатораи мусофирбари хатсайри “Хуҷанд- Волгоград” амал мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ба сурати умум дар ҷумҳурӣ 30 истгоҳи роҳи оҳан амал мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.